Формулаи овоза чист?

Дар вақти Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ, равоншиносони донишгоҳи Гарвард Гордон У. Аллпорт ва Лео Постман дар бораи овозаҳои дар ин давра паҳншуда тадқиқот гузаронданд. Онҳо тавонистанд формулаи математикиеро таҳия кунанд, ки ба муайян кардани шиддати паҳншавии овозаҳо кӯмак мекунад. Онҳо ҳамчунин усулҳои идоракунии овозаҳоро таҳия намуд. Олимон формуларо бо номи худ "формулаи Олпорт – Постман" номиданд. […]

"Се нуқта"

Дар вақти Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ, равоншиносони донишгоҳи Гарвард Гордон У. Аллпорт ва Лео Постман дар бораи овозаҳои дар ин давра паҳншуда тадқиқот гузаронданд. Онҳо тавонистанд формулаи математикиеро таҳия кунанд, ки ба муайян кардани шиддати паҳншавии овозаҳо кӯмак мекунад. Онҳо ҳамчунин усулҳои идоракунии овозаҳоро таҳия намуд.

Олимон формуларо бо номи худ "формулаи Олпорт – Постман" номиданд. Формула чунин аст:

i*a = R

Дар куҷо:

i – дараҷаи аҳамияти мавзӯи овоза барои шунаванда ё хонанда;

а – дараҷаи номуайянӣ ё шубҳанокии шунавоӣ;

R – шиддати паҳншавии овоза, давомнокии мавҷудияти он ва дараҷаи эътимод ба овоза.

Дар формулаи Оллпорт-Постман, ҳарду дараҷа – аҳамият ва номуайянӣ – аз 0 то 10 арзиш доранд. Аз ин рӯ, арзиши максималии R 100 (сатҳи баландтарини паҳншавии овоза) мебошад.

Лайфхак

Аз ин ҷо метавон роҳи ҳалли ҷолиби мушкилоти паҳн кардани овозаҳоро пайдо кард. Агар яке аз параметрҳои дар формула нишондодашуда ба сифр баробар шавад, овоза гум мешавад.

Агар шумо хоҳед, ки овозаҳоро "бикушед", пас ба шумо лозим аст:

  • аҳамияти онҳоро барои шунаванда кам кунед
  • муқобили он иттилооти мушаххас ва возеҳро гузоред то сатҳи номуайянӣ, ки ба овозаҳо хосанд ва барои паҳншавии босуръати онҳо мусоидат мекунанд, паст шаванд.

Мавод дар доираи Маъракаи рушди маърифати расонаӣ дар Тоҷикистон – “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” таҳия шудааст. Ба саҳифаи “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook ва Одноклассники пайваст шавед ва маърифати расонаии худро инкишоф диҳед!

Дигар маводҳои лоиҳаро ин ҷо хонед: Бидон, чиро мебинӣ!

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.