Даргузашти Абдуллои Муҳаққиқ, фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ

Абдуллои Муҳаққиқ, яке аз корбарони фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ, ки солҳои ахир аз баҳсҳо канор рафта буд, субҳи имрӯз дар сини 57-солагӣ бар асари бемории пневмония даргузашт. Дар ин бора яке аз наздиконаш ба “Азия-Плюс” хабар дод. Ба гуфтаи наздиконаш, Абдуллои Муҳаққиқ ахиран ба бемории пневмония ё илтиҳоби шуш гирифтор шуда буд, ки бар асари ҳамин беморӣ фавтид. […]

Абдуллои Муҳаққиқ, яке аз корбарони фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ, ки солҳои ахир аз баҳсҳо канор рафта буд, субҳи имрӯз дар сини 57-солагӣ бар асари бемории пневмония даргузашт. Дар ин бора яке аз наздиконаш ба “Азия-Плюс” хабар дод.

Ба гуфтаи наздиконаш, Абдуллои Муҳаққиқ ахиран ба бемории пневмония ё илтиҳоби шуш гирифтор шуда буд, ки бар асари ҳамин беморӣ фавтид.

Абдуллои Муҳаққиқ, ки номи аслияш Холбозор Шарипов аст, мутаваллиди соли 1963 дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ва хатмкардаи риштаи забону адабиёти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад. Чандин солҳо дар шуъбаҳои гуногуни ВКД Тоҷикистон кор карда ва аз ин ниҳод ба нафақа рафта буд. То чанд соли ахир дар Кумитаи дини Тоҷикистон фаъолият мекард ва дар расонаҳо ба унвони коршинсои масоили динӣ ва амниятӣ назар медод.

Абдуллои Муҳаққиқ то чанд сол пеш яке аз корбарони фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ буд, ки бо пайравони ҳизбу ҳаракатҳои феълан дар Тоҷикистон мамнуъи динӣ баҳсҳои доманадоре дошт. Аз ҷумла ӯ бо пайравони ҷараёни салафия баҳсҳои тезу тунде роҳ меандохт.

Абдулло Муҳаққи ҳамчунин бо пешниҳодҳои пурбаҳсаш дар расонаҳо низ маъруфият дошт. Аз ҷумла ӯ январи 2016 баъди эътои унвони Пешвои миллат ба Эмомалӣ Раҳмон дар хабаргузории давлатии “Ховар” пешниҳод карда буд, ки хонуми Президенти Тоҷикистон Азизамо Раҳмонова “пешвои занҳои мусалмон” эълон шавад.

Гуруҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба наздикону пайвандони Абдуллои Муҳаққиқ сабру шикебойӣ мехоҳад ва ба марҳум раҳмати илоҳиро таманно мекунад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.