Мукофотпулии “Formula 55” ба ғолиби Ҷоми футболи Тоҷикистон

Date:

Аввалин ширкати миллии букмекерии “Formula 55” дастаи “Равшан”-и Кӯлобро бо пирӯзӣ дар мусобиқаи Ҷоми футболи Тоҷикистон-2020 табрику таҳният гуфта, ба ин даста 55 ҳазору 555 сомонӣ мукофотпулӣ тақдим кард.

Рӯзи 18 октябр дар бозии финалӣ барои дарёфти Ҷоми футболи Тоҷикистон-2020 футболбозони “Равшан” дастаи “Хатлон”-и шаҳри Бохтарро мағлуб намуда, соҳиби ҷом шуданд.

Мавриди зикр аст, ки бори нахуст дар таърихи мусобиқаи Ҷоми миллии футболи ҷумҳурӣ дастаи Лигаи якуми футболи Тоҷикистон пирӯзӣ ба даст овард. Барои “Равшан” ин пирӯзии дуюм дар ин мусобиқа аст. Қаблан 26 сол пеш – соли 1994 “Равшан” ба дарёфти Ҷоми футболи кишвар даст ёфта буд.

Ёдрас мекунем, ки ширкати“Formula 55” сарпарасти унвонии дастаҳои футболи “Хатлон” ва “Хуҷанд” мебошад.

“Formula 55” доимо фаъолона рӯйдодҳои варзишии гуногун ва варзишгаронро дар саросари ҷумҳурӣ ва берун аз ҳудуди он дастгирӣ мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...