Як шишааш $100. Шабнами Сурайё атри махсусеро бо номи худ баровард

Овозхони маъруфи эстрадаи тоҷик Шабнами Сурайё атри махсуси занонаеро бо номи худ Shabnam Surayo ба фурӯш баровард. Дар ин бора ӯ дар саҳифаи Instagram-и худ хабар додааст. Тамғаи нави атриёт аз ҷониби ширкатҳои ин соҳаи Олмон ва Фаронса дар ҳамдастӣ бо ширкати MINO Handels GmbH-и Берлин таҳия гардидааст. Дар саҳифаи SS-beauty ишора мешавад, ки накҳаташ […]

Овозхони маъруфи эстрадаи тоҷик Шабнами Сурайё атри махсуси занонаеро бо номи худ Shabnam Surayo ба фурӯш баровард. Дар ин бора ӯ дар саҳифаи Instagram-и худ хабар додааст.

Тамғаи нави атриёт аз ҷониби ширкатҳои ин соҳаи Олмон ва Фаронса дар ҳамдастӣ бо ширкати MINO Handels GmbH-и Берлин таҳия гардидааст.

Дар саҳифаи SS-beauty ишора мешавад, ки накҳаташ хеле устувору дар ҳамин ҳол, маҳину нозук ва занона аст. Дар ин саҳифа атрро метавон фармоиш дод.

Фармоишҳо тариқи онлайн “аз саросари ҷаҳон” қабул карда мешаванд. Нархи 1 шишаи атр – 100 доллар.

Худи Шабнам чанд рӯз пеш дар саҳифаи худ эълон кард, ки харидани атр дар ҳама гуна шаҳри кишвар имконпазир аст. Сад харидори аввал соҳиби соядасти овозхон мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.