Тоҷикистониён бештар кадом молу маҳсулотро мехаранд?

Савдои чакана дар Тоҷикистон давоми моҳҳои январ-сентябри соли равон дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2019 ба андозаи 2,7% кам шуд. Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, дар ин давра молу маҳсулот ба маблағи 19,4 млрд сомонӣ ба фурӯш рафтааст. Вазни қиёсии маҳсулоти хӯрокӣ дар ҳаҷми умумии гардиши савдои чакана 49,1% ва маҳсулоти […]

Савдои чакана дар Тоҷикистон давоми моҳҳои январ-сентябри соли равон дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2019 ба андозаи 2,7% кам шуд.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, дар ин давра молу маҳсулот ба маблағи 19,4 млрд сомонӣ ба фурӯш рафтааст.

Вазни қиёсии маҳсулоти хӯрокӣ дар ҳаҷми умумии гардиши савдои чакана 49,1% ва маҳсулоти ғайриозуқа – 50,9%-ро ташкил додааст.

Аз рӯйи нарх дар савдои чаканаи маҳсулоти хӯрокӣ ҳиссаи гӯшт ва маснуоти ҳасиб бештар буда, ба 15,4% аз ҳаҷми умумӣ баробар аст.

Ҳиссаи орду нон муодили 12,5%, шакар (қанд) ва маснуоти қаннодӣ – 6,8%, сабзавоту картшка – 6,1%, равғани растанӣ – 5,1% мебошад.

Байни маҳсулоти ғайриозуқа ҳиссаи бештари вазни қиёсӣ ба масолеҳи сохтмон – 28,1%, автомобил ва қисмҳои эҳтиётии он – 9,6%, матоъ – 8,8%, маҳсулоти нафтӣ – 10,4%, пойафзол, маснуоти нассоҷӣ, сарулибос ва ҷойпӯш рост меояд.

Қобили зикр аст, ки дар зарфи 9 моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон маҳсулоти ғизоӣ ба андозаи 6,3% ва маҳсулоти ғайриозуқа – 3,8% гарон шуданд.

Дар ин давра аз ҳама зиёдтар нархи чунин навъи маҳсулоти ғизоӣ боло рафт: шакар (қанд) – 19,6%, маснуоти нонӣ – 11,7%, мева – 7%, равған – 7%, картошка – 5,7%, гӯшт – 5%.

Маҳсулоти зерини ғайриозуқа аз ҳама бештар гарон шуданд: гази моеъ – 10,7%, маҳсулоти дорусозӣ – 8%, воситаҳои шустан (поккорӣ) – 6,8%, масолеҳи сохтмон – 6,7%, матоъ – 5,5%, қисмҳои эҳтиётии нақлиёт – 3,9%.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.