Дарси далелсанҷӣ бихону фейкҳоро бишнос

Thomson Media ва АМВАОМТ курси омӯзишии бепули далелсанҷиро пешниҳод карданд. Ҳадафи давра – кӯмак дар шинохтани маълумоти носаҳеҳ аст, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва интернет дучор шудан мумкин аст. Пас аз гузаштани давраи омзишӣ, шумо метавонед маълумоти бардурӯғу  фейкиро беҳтар шиносед ва дар бораи воситаҳои асосии тафтишу тасдиқи маълумот тасаввурот пайдо кунед. Бо омӯхтани курси […]

"Се нуқта"

Thomson Media ва АМВАОМТ курси омӯзишии бепули далелсанҷиро пешниҳод карданд.

Ҳадафи давра – кӯмак дар шинохтани маълумоти носаҳеҳ аст, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва интернет дучор шудан мумкин аст. Пас аз гузаштани давраи омзишӣ, шумо метавонед маълумоти бардурӯғу  фейкиро беҳтар шиносед ва дар бораи воситаҳои асосии тафтишу тасдиқи маълумот тасаввурот пайдо кунед.

Бо омӯхтани курси омӯзишии Thomson Media ва Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон шумо ба саволҳои зерин ҷавоб мегиред:

“Хабари дурӯғин ё фейкӣ” чист? Чӣ гуна метавон онҳоро шинохт ё ошкор кард? Бо сарчашмаҳо чӣ гуна бояд кор кард? Оё акси ҷолибро насанҷида ба дигарон фиристодан дуруст аст? Чаро ба ҳамаи дидаву шунидаҳо бовар кардан дуруст нест?

Дар фарҷоми давраи омӯзишӣ шумо метавонед таҳрифҳои барқасдона ва тасодуфиро фарқ кунед, хабарҳои “фейкӣ”-ро шиносед, иттилои носаҳеҳро дарк кунед, ба хабару маълумот бо назари интиқодӣ нигаред ва бо воситаҳои махсуси ошкорсозии иттило, расму наворҳои бардурӯғу бофта ошноӣ пайдо кунед.

Курси омӯзишӣ бо забонҳои тоҷикӣ ва  русӣ дастрас ҳастанд.

Бо забони тоҷикӣ: https://thomsonfoundation.edcastcloud.com/learn/self-paced-7043

Бо забони русӣ: https://thomsonfoundation.edcastcloud.com/courses/7044/learn

Мавод дар доираи Маъракаи рушди маърифати расонаӣ дар Тоҷикистон – “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” таҳия шудааст. Ба саҳифаи “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook ва Одноклассники пайваст шавед ва маърифати расонаии худро инкишоф диҳед!

Дигар маводҳои лоиҳаро ин ҷо хонед: Бидон, чиро мебинӣ!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.