Ҳукми 26 соли зиндон ба сокини Шаҳритус барои куштани маъшуқи собиқ ҳамсараш

Сокини ноҳияи Шаҳритус Содиқҷон Сувонқулови 51-соларо кормандони милитсия рӯзи 19 август аз рӯйи далели куштори бераҳмона ва суиқасд ба он боздошт карданд. “Бевақтии ҳамон шаб ӯ дар ҳолати мастӣ ба хонаи собиқ ҳамсараш рафта, мебинад, ки ӯ бо ҳамсояаш, марди 52-солаи сокини маҳаллӣ муносибати маҳрамона дорад, – хабар медиҳад маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон. – Гумонбаршаванда […]

Сокини ноҳияи Шаҳритус Содиқҷон Сувонқулови 51-соларо кормандони милитсия рӯзи 19 август аз рӯйи далели куштори бераҳмона ва суиқасд ба он боздошт карданд.

“Бевақтии ҳамон шаб ӯ дар ҳолати мастӣ ба хонаи собиқ ҳамсараш рафта, мебинад, ки ӯ бо ҳамсояаш, марди 52-солаи сокини маҳаллӣ муносибати маҳрамона дорад, – хабар медиҳад маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон. – Гумонбаршаванда бо корд якчанд маротиба ба узвҳои бадани мард зада, ӯро ба ҳалокат расонид”.

Гуфта мешавад, бо ин қонеъ нагашта, аз ҳиссиёти рашк собиқ ҳамсарашро бо корд 4-маротиба ба узвҳои баданаш ва зани 30-солаи сокини шаҳри Норакро, ки дар меҳмонии онҳо қарор доштааст, 3-маротиба ба қисмати сар ва дасташ зарба задааст. Дар натиҷа занҳо бо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ гардиданд.

Бо ҳукми суди вилояти Хатлон Содиқҷон Сувонқулов ба 26 соли зиндони низомаш шадид маҳкум карда шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.