ХБА тадбирҳои зиддибуҳронии ҳукумати Тоҷикистонро самаранок арзёбӣ намуд

Date:

Дар вохӯрии вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо роҳбари миссияи Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА) оид ба Тоҷикистон хонум Падамжа Ханделвал, ки  дар шакли видеоконфронс баргузор гардид, масоили самаранокии тадбирҳои зиддибуҳронии аз ҷониби ҳукумати ҷумҳурӣ роҳандозишуда мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорат, дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба тамоюлҳои иқтисоди ҷаҳон, ҷамъбасти натиҷаҳои нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар 9 моҳи соли 2020, таъсири хавфҳои дохилию берунӣ, бахусус паҳншавии пандемияи коронавирус дар ҷаҳон, ислоҳоти анҷомдодашуда ва чораҳои зиддибӯҳронии ҳукумати Тоҷикистон, инчунин тақвият додани самтҳои ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд.

Вазир қайд кадааст, ки бо вуҷуди андешидани тадбирҳои зарурӣ таъсири пандемия дар ҷаҳон ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ, бахусус соҳаҳои молия, савдо ва хизматрасонӣ, аз ҷумла боркашонию мусофиркашонӣ эҳсос мегардад.

“Ҳамин тариқ дар 9 моҳи соли 2020 рушди иқтисодиёти кишвар 4,2 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 банди фоизӣ кам аст”, – иброз доштааст ӯ.

Ҳамзамон зикр гардидааст, ки дар мавриди саривақт роҳандозӣ нагардидани чораҳои зиддибӯҳронӣ, рушди иқтисоди миллӣ дар 9 моҳи соли 2020 эҳтимол ба ҷои 4,2% ба 1,2 фоиз баробар мешуд.

“Ҷониби ХБА тадбирҳои зиддибӯҳронии андешидашудаи ҳукумати Тоҷикистонро ҷиҳати пешгирии паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар муқоиса ба дигар кишварҳо самаранок ва натиҷабахш арзёбӣ намуд”, – қайд мешавад дар хабари Вазорат.

Гуфта мешавад, бинобар ин, ХБА дар асоси натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дурнамои худро оид ба рушди иқтисодии Тоҷикистон бозбинӣ намуда, онро аз 2%з таназзули қаблӣ то ба 1 фоизи рушд баланд намуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...