ХБА тадбирҳои зиддибуҳронии ҳукумати Тоҷикистонро самаранок арзёбӣ намуд

Дар вохӯрии вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо роҳбари миссияи Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА) оид ба Тоҷикистон хонум Падамжа Ханделвал, ки  дар шакли видеоконфронс баргузор гардид, масоили самаранокии тадбирҳои зиддибуҳронии аз ҷониби ҳукумати ҷумҳурӣ роҳандозишуда мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорат, дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба тамоюлҳои […]

Asia-Plus

Дар вохӯрии вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо роҳбари миссияи Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА) оид ба Тоҷикистон хонум Падамжа Ханделвал, ки  дар шакли видеоконфронс баргузор гардид, масоили самаранокии тадбирҳои зиддибуҳронии аз ҷониби ҳукумати ҷумҳурӣ роҳандозишуда мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорат, дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба тамоюлҳои иқтисоди ҷаҳон, ҷамъбасти натиҷаҳои нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар 9 моҳи соли 2020, таъсири хавфҳои дохилию берунӣ, бахусус паҳншавии пандемияи коронавирус дар ҷаҳон, ислоҳоти анҷомдодашуда ва чораҳои зиддибӯҳронии ҳукумати Тоҷикистон, инчунин тақвият додани самтҳои ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд.

Вазир қайд кадааст, ки бо вуҷуди андешидани тадбирҳои зарурӣ таъсири пандемия дар ҷаҳон ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ, бахусус соҳаҳои молия, савдо ва хизматрасонӣ, аз ҷумла боркашонию мусофиркашонӣ эҳсос мегардад.

“Ҳамин тариқ дар 9 моҳи соли 2020 рушди иқтисодиёти кишвар 4,2 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 банди фоизӣ кам аст”, – иброз доштааст ӯ.

Ҳамзамон зикр гардидааст, ки дар мавриди саривақт роҳандозӣ нагардидани чораҳои зиддибӯҳронӣ, рушди иқтисоди миллӣ дар 9 моҳи соли 2020 эҳтимол ба ҷои 4,2% ба 1,2 фоиз баробар мешуд.

“Ҷониби ХБА тадбирҳои зиддибӯҳронии андешидашудаи ҳукумати Тоҷикистонро ҷиҳати пешгирии паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар муқоиса ба дигар кишварҳо самаранок ва натиҷабахш арзёбӣ намуд”, – қайд мешавад дар хабари Вазорат.

Гуфта мешавад, бинобар ин, ХБА дар асоси натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дурнамои худро оид ба рушди иқтисодии Тоҷикистон бозбинӣ намуда, онро аз 2%з таназзули қаблӣ то ба 1 фоизи рушд баланд намуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.