Тоҷикистон дар сафи 8 кишвари амнтари ҷаҳон

Маркази байнулмилалии омӯзиши афкори умуми Gallup дар як раддабандӣ Тоҷикистонро шомили феҳристи 8 кишвари амнтарини ҷаҳон кардааст, ки “шаҳрвандонаш худро дар ҳоли амну бехатарӣ ҳис мекунанд”. Таҳқиқоти 2020 Global Law and Order 144 кишвар ва қаламрави саросари дунёро фаро гирифта, раддабандӣ (рейтинг) бар асоси назарпурсии соли 2019 гузаронида дар ин кишварҳо таҳия шудааст. Ҳудуди 90%-и […]

Маркази байнулмилалии омӯзиши афкори умуми Gallup дар як раддабандӣ Тоҷикистонро шомили феҳристи 8 кишвари амнтарини ҷаҳон кардааст, ки “шаҳрвандонаш худро дар ҳоли амну бехатарӣ ҳис мекунанд”.

Таҳқиқоти 2020 Global Law and Order 144 кишвар ва қаламрави саросари дунёро фаро гирифта, раддабандӣ (рейтинг) бар асоси назарпурсии соли 2019 гузаронида дар ин кишварҳо таҳия шудааст.

Ҳудуди 90%-и пурсидашудагон аз Тоҷикистон посух додаанд, ки худро дар ҳоли амну бехатарӣ ҳис мекунанд.

Сингапур (97%), Туркманистон (93%), Норвегия ва АМА (92%-ӣ) амнтарин кишварҳо арзёби шудаанд. Нишондиҳандаи Тоҷикистон дар сатҳи Чину Кувейт ва Словения (ҳамаашон 90-ӣ) қарор гирифтааст.

Тибқи ин нишондиҳанда Афғонистон (12%), Габон (28%), Венесуэла ва Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ (29%-ӣ) ноамнтарин кишварҳо номбар шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, дар шохис (индекс)-и “волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ”-и таҳқиқоти Gallup Тоҷикистон бо 91 имтиёз дар зинаи 12-ум ҷойгир шудааст.

Аз рӯйи ин нишондиҳанда Сингапур, Туркманистон ва Чин дар сегонаи аввал қарор гирифтаанд.

Байни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин феҳрист Ӯзбекистон бо 92 имтиёз пеш аз Тоҷикистон – дар мақоми 10-ум зикр шудааст.

Қазоқистон (79 имтиёз) ва Қирғизистон (77 имтиёз), инчунин Русия (74 имтиёз) дар байни феҳрист ҷойгир шудаанд.

Дар ин ҷо ҳам Афғонистон ва Габон дар зинаҳои охир қарор гирифтаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.