Даргузашти Маҳмудҷон Дадобоев рӯзноманигори варзида дар вилояти Суғд

Маҳмудҷон Дадобоев, яке аз бунёдгузорони чандин шабакаи телевизиони мустақил дар шимолии Тоҷикистон, рӯзи 29-уми октябр дар синни 52 солагӣ, аз олам даргузашт. Маросими видоъ бо ӯ имрӯз соати 10:00 дар манзили истиқоматияш, ҷамоати Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров доир мегардад. Рустам Ҳоҷибоев, яке аз пайвандони наздик ба Маҳмудҷон Дадобоев дар сӯҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, ки вай […]

Маҳмудҷон Дадобоев, яке аз бунёдгузорони чандин шабакаи телевизиони мустақил дар шимолии Тоҷикистон, рӯзи 29-уми октябр дар синни 52 солагӣ, аз олам даргузашт. Маросими видоъ бо ӯ имрӯз соати 10:00 дар манзили истиқоматияш, ҷамоати Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров доир мегардад.

Рустам Ҳоҷибоев, яке аз пайвандони наздик ба Маҳмудҷон Дадобоев дар сӯҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, ки вай ҳафтае қабл аз ҳарорати баланди бадан азият мекашид ва аз ин рӯ дар беморхонаи касалиҳои сироятии шаҳри Хуҷанд бистарӣ гардида буд. Вай мегӯяд марги нобаҳангом аҳли пайвандони рӯзноманигорро сахт андӯҳгин сохтааст. 

Маҳмудҷон Дадобоев аз соли 1993 то 1995 хабарнигори ТВ "Ҷаҳоноро", 1996-1997 сармуҳаррири "ТВ-7" ва дар солҳои 1997-2003 роҳбарии "Ширкати телевизион ва радиошунавонии СМ-1" дар шаҳри Хуҷандро дар зимма дошт. Солҳои 2006-2007 намояндаи Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ) дар вилояти Суғд ва солҳои 2007-2008 сармуҳаррири яке аз нахустин рӯзномаҳои мустақил дар шимолии Тоҷикистон бо ном "Суғд" буд. Аз моҳи августи 2008 то моҳи октябри соли 2012 мудири кули шабакаи телевизион ва родиоӣ "Ҷаҳоноро" буд.

Замони раиси шаҳри Хуҷанд будани раиси ҳозираи вилояти Суғд сухангӯйи раиси шаҳри Хуҷанд низ буд.  Маҳмудҷон Дадобоевро ба унвони яке аз кормандони ҳирфаӣ дар бахши телевизион дар вилояти Суғд мешинохтанд.

Маҳмудҷон Дадобоев 27 ноябри соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Баъди анҷоми хидмати ҳарбӣ дар Нерӯҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шуравӣ соли 1989 фаъолияти кориашро дар Иттиҳодияи истеҳсоли "Хуҷандатлас" оғоз карда буд.

Вай Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии телевизион ва радиои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.Оиладор, соҳиби чаҳор фарзанд мебошад.  

Гуруҳи расонаҳои "Азия-Плюс" марги рӯзноманигори варзидаро барои ҷомеаи рӯзноманигории Тоҷикистон таслият мегӯяд ва ба хонаводаи марҳум дар ин мусибати азим сабру шикебойӣ мехоҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.