Сардухтури беҳдоштӣ: “Тоҷикистон ба мавҷи дуюми Covid-19 омода аст»

Эркин Раҳмонов пизишки бемориҳои сироятӣ, саринфексионисти Вазорати тандурустиии Тоҷикистон изҳор доштааст, ки агар мавҷи дуюми коронавирус фаро расад ҳам, бахши тандурустии кишвар ба он омода аст. ““Агар мавҷи дуюми беморӣ фаро ҳам расад, захираҳои мо омодаанд. Мо бо дастгоҳҳои иловагии нафасдиҳӣ беморхонаи сироятии шаҳриро муҷаҳҳаз кардем. Инчунин 500 кати иловагиро дар ихтиёр дорем ва 160 […]

Эркин Раҳмонов пизишки бемориҳои сироятӣ, саринфексионисти Вазорати тандурустиии Тоҷикистон изҳор доштааст, ки агар мавҷи дуюми коронавирус фаро расад ҳам, бахши тандурустии кишвар ба он омода аст.

““Агар мавҷи дуюми беморӣ фаро ҳам расад, захираҳои мо омодаанд. Мо бо дастгоҳҳои иловагии нафасдиҳӣ беморхонаи сироятии шаҳриро муҷаҳҳаз кардем. Инчунин 500 кати иловагиро дар ихтиёр дорем ва 160 кат дар  вагончаҳои махсуси дигар, ки аз ҷониби Ӯзбекистон ҳамчун кумаки башардӯстона ироа шудаанд, омодаи қабули беморонанд”, – хабар додааст сироятшинос ба Sputnik Тоҷикистон.

Ӯ изҳори умед кардааст, ки ниёзе барои корбурди захираҳо нахоҳад буд, чун бо шифоёбии феълии беморон, ки ҳамарӯза 45-50 нафарро ташкил медиҳад, метавон мавҷи дуюмро пешгирӣ намуд.

Дар илова пизишк таъкид доштааст, ки беҳтарин роҳи мубориза бо мавҷи дуюми коронавирус риояи қоидаҳои беҳдоштӣ мебошад.

То шоми 29 октябр шумори сироятёфтагон аз коронавирус дар Тоҷикистон ба 10 ҳазору 939 нафар расид, хабар медиҳад Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ. Теъдоди фвтидагон аз оғози пандемия 82 нафар аст. Дар ин давра 10 ҳазору 128 нафар аз ин беморӣ шифо ёфтаанд.

Вақте омор номувофиқ аст

Агар омори расмиро оид ба коронавирус дар кишвар бо маълумот аз минтақаҳо муқоиса кунем, маълум мешавад, ки 44% (!)-и сироятёфтагон ба шаҳри Хуҷанд ва ҳади ақал 25% ба вилояти Хатлон рост меоянд. Аз ин бармеояд, ки пас дар дигар минтақаҳо ва пойтахт теъдоди сироятёфтагон хеле кам ё умуман набудааст.

Дар омори Вазорати тандурустӣ маълумот ба минтақаҳо тақсим намешавад, ки барои арзёбии вазъият мушкил эҷод месозад. Инчунин ба эътимоднокии омори расмӣ шубҳа пайдо мешавад.

Шаҳрдории Хуҷанд рӯзи 20 октябр дар бораи шумори беморони коронавирус дар шаҳр хабар дод. Бо назардошти дар умум он замон 10 ҳазору 574 нафар будани сироятёфтагон дар кишвар, пас 44%-и сироятёфтагон танҳо ба ҳамин шаҳр рост меоянд. Дар ин бора “Азия-Плюс” дар маводи «Коронавирус в Таджикистане: Специалисты говорят о росте больных, а у Минздрава все стабильно» маълумот дода буд.

Пас аз ин мо тасмим гирифтем, ки аз дигар минтақаҳо ҳам маълумот ҷамъоварӣ кунем, лекин муяссар нашуд. Тавре ба “Азия-Плюс” аз Раёсати тандурустии яке аз вилоятҳо хабар доданд, пас аз нашри маводи дар боло зикршуда ба онҳо аз Вазорати тандурустӣ занг зада, огоҳ кардаанд, ки ба журналистон ягон рақаму маълумот пешниҳод нашавад…

Сипас мо ҳамаи рақамҳои дастрас ва маълумро бо омори расмӣ оид ба коронавирус дар кишвар муқоиса кардем. Ҳатто ҳамин маълумоти ночиз низ гувоҳи он аст, ки омори расмӣ дар Тоҷикистон дар мавриди коронавирус ба гумони ғолиб, бозгӯи вазъияти воқеӣ нест.

Муфассалтар дар ин ҷо.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.