БОР барои табибони Тоҷикистон 10,4 тонна воситаҳои муҳофизати инфиродӣ таҳвил дод

Бонки осиёии рушд (БОР) барои кормандони тиббии Тоҷикистон 10,4 тонна воситаҳои муҳофизати инфиродӣ фиристод, хабар медиҳад дафтари матбуоти намояндагии доимии ин ниҳоди молиявии байнулмилалӣ дар Душанбе. Гуфта мешавад, ин кумак ба дастгирии талошҳои кишвар дар мубориза бо COVID-19 равона хоҳад шуд. Лавозимоту воситаҳои тиббӣ аз пешдоман, сипарчаҳо барои рӯй, айнакҳои муҳофизатӣ, ниқоб барои рӯй, сарпӯш, […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Бонки осиёии рушд (БОР) барои кормандони тиббии Тоҷикистон 10,4 тонна воситаҳои муҳофизати инфиродӣ фиристод, хабар медиҳад дафтари матбуоти намояндагии доимии ин ниҳоди молиявии байнулмилалӣ дар Душанбе.

Гуфта мешавад, ин кумак ба дастгирии талошҳои кишвар дар мубориза бо COVID-19 равона хоҳад шуд.

Лавозимоту воситаҳои тиббӣ аз пешдоман, сипарчаҳо барои рӯй, айнакҳои муҳофизатӣ, ниқоб барои рӯй, сарпӯш, респиратор, инчунин дастпӯшакҳои муоина ва ҷарроҳӣ иборатанд.

Қаблан моҳи сентябр БОР ба Тоҷикистон бо вазни 12 тонна корҷомаҳои муҳофизатӣ, хилъатҳои ҷудонигоҳдоранда ва бахил фиристода буд.

Грант илова ба кумакҳои зерини пешинаи БОР ба Тоҷикистон дар муқовимат бо COVID-19 мебошад: 50 млн доллар грант барои дастгирии буҷет; 2,5 млн доллар барои вокуниш ба офатҳои табиӣ ва ҳолатҳои фавқулода ва 100 ҳазор доллар грант дар доираи лоиҳаи ҳифзи солимии модарону кӯдакон ва харидории маводи тиббӣ”.

Соли 2020 аз ҳаҷми умумии 320 млн доллар кумаки БОР ба Тоҷикистон бо шумули лоиҳаҳо дар соҳаҳои нақлиёту бахши кишоварзӣ ва захираҳои табиӣ, идоракунии соҳаи давлатӣ, маориф ва энергетика интизорӣ меравад. Ба ин маблағ бастаи вокуниши фаврӣ нисбат ба на COVID-19 дар ҳаҷми 52,5 млн доллар низ дохил аст.

Аз замони ба узвияти БОР пазируфта шудани Тоҷикистон дар соли 1998, Бонк ба кишвар ба маблағи зиёда аз 1,9 млрд доллар кумаки молиявиро тасдиқ намуд, ки аз ин миқдор наздики 1,4 млрд доллараш ба сифати грант дода шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.