Имрӯз аз Русия ба Тоҷикистон 6 парвози чартерӣ анҷом мешавад

Тибқи рӯйхати тасдиқкардаи Вазорати корҳои хориҷӣ, имрӯз аз шаҳри Маскав се парвоз ба самти Душанбе ва ҳамчунон як парвоз аз шаҳрҳои Санкт-Петербург, Екатеринбург ва Уфа ба Душанбе анҷом дода мешавад. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, мувофиқи ин ҷадвал ҳамчунон рӯзи 31-уми октябр низ се парвоз аз Макскав ва ҳамчунон як парвози дигар аз […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Тибқи рӯйхати тасдиқкардаи Вазорати корҳои хориҷӣ, имрӯз аз шаҳри Маскав се парвоз ба самти Душанбе ва ҳамчунон як парвоз аз шаҳрҳои Санкт-Петербург, Екатеринбург ва Уфа ба Душанбе анҷом дода мешавад.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, мувофиқи ин ҷадвал ҳамчунон рӯзи 31-уми октябр низ се парвоз аз Макскав ва ҳамчунон як парвози дигар аз Красноярск ба Душанбе сурат мегирад. Тибқи ин ҷадвал парвозҳои чартерӣ то 31-уми октябр муайян шудаанд, аммо то ҳанӯз масъалаи аз сар гирифтани парвозҳои маъмулӣ миёни Тоҷикистон ва Русия маълум нест.

Сафорати Тоҷикистон дар Маскав мегӯяд, Тоҷикистон ҳанӯз моҳи июл омодагии худро ҷиҳати барқарор кардани паврвозҳои маъмулӣ ба мақомоти Русия изҳор дошта буд.

"Дар сурати омода шудани Русия, Тоҷикистон омода аст парвозҳоро барқарор кунад, вале ин ба вазъи эпидемиологӣ дар Русия ва тасмими мақомоти ин кишвар вобаста аст",-гуфтаанд дар сафорат.

Парвозҳои маъмулӣ миёни Тоҷикистон ва Русия аз 20-ум март инҷониб бинобар пандемияи короновирус қатъ шудаанд. Ба иттилои мақомот, дар ин давра тавассути парвозҳои чартерӣ ҳудуди 70 ҳазор шаҳрвандон аз Русия ба Тоҷикистон оварда шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.