БОР ба Тоҷикистон 12 тонна воситаҳои муҳофизати инфиродӣ аз коронавирусро таҳвил дод

Бонки осиёии рушд (БОР) барои кормандони тиббии Тоҷикистон 12 тонна воситаҳои муҳофизати инфиродӣ аз коронавирусро таҳвил дод. Кумак ба дастгирии талошҳо дар мубориза бо сирояти коронавирус равона мегардад. “Маводи тиббии иборат аз 22 ҳазор корҷомаҳои муҳофизатии андозаҳои гуногун, 8 ҳазор хилъатҳои ҷудонигоҳдоранда ва 175 ҳазор ҷуфт бахил аз Камбоҷа ворид шуданд”, – қайд мешавад дар […]

Бонки осиёии рушд (БОР) барои кормандони тиббии Тоҷикистон 12 тонна воситаҳои муҳофизати инфиродӣ аз коронавирусро таҳвил дод. Кумак ба дастгирии талошҳо дар мубориза бо сирояти коронавирус равона мегардад.

“Маводи тиббии иборат аз 22 ҳазор корҷомаҳои муҳофизатии андозаҳои гуногун, 8 ҳазор хилъатҳои ҷудонигоҳдоранда ва 175 ҳазор ҷуфт бахил аз Камбоҷа ворид шуданд”, – қайд мешавад дар иттилоияи расмии намояндагии доимии БОР дар Душанбе.

Гуфта мешавад, ин миқдори аввалини маводу маҳсулотест, ки дар доираи гранти барои Тоҷикистон тасдиқшуда дар моҳи июл ба маблағи 928 ҳазор доллар мебошад. Миқдори дуюм ва сеюми кумак то охири моҳи сентябр ва дар моҳи октябр расонида мешавад.

“Грант илова ба кумакҳои зерини пешинаи БОР ба Тоҷикистон дар муқовимат бо COVID-19 мебошад: 50 млн доллар грант барои дастгирии буҷет; 2,5 млн доллар барои вокуниш ба офатҳои табиӣ ва ҳолатҳои фавқулода ва 100 ҳазор доллар грант дар доираи лоиҳаи ҳифзи солимии модарону кӯдакон ва харидории маводи тиббӣ”, – шарҳ дода мешавад дар иттилоияи расмӣ.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.