Данғара: заҳролудшавии 11 кас аз сабзавоти консервшуда ва фавти 1 нафар аз онҳо

Дар ноҳияи Данғара пас аз истеъмоли бодиринг ва помидори дар хона консервшуда 11 нафар узви ду оила аз деҳаи Меҳргони ҷамоати И.Шарипов заҳролуд гаштанд. Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ, 9 нафари онҳо фавран ба беморхонаи ноҳияи Данғара бистарӣ карда шудаанд. “Як нафари онҳо, ки 23 сол дошт, фавтида, ҳолати се нафари дигар аз […]

Дар ноҳияи Данғара пас аз истеъмоли бодиринг ва помидори дар хона консервшуда 11 нафар узви ду оила аз деҳаи Меҳргони ҷамоати И.Шарипов заҳролуд гаштанд.

Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ, 9 нафари онҳо фавран ба беморхонаи ноҳияи Данғара бистарӣ карда шудаанд.

“Як нафари онҳо, ки 23 сол дошт, фавтида, ҳолати се нафари дигар аз заҳролудшудагон, ки аз 15 то 47 сол доранд, вазнин арзёбӣ мешавад”, – қайд мешавад дар маълумоти Кумита.

Гуфта мешавад, вазъи саломатии  5 нафари дигар хубтар арзёбӣ шуда, ҳоло ҳамаи онҳо дар бистари беморианд ва муолиҷа мешаванд.

Дар ин робита Кумита аз сокинони кишвар дархост кардааст, ки вақти омода намудани консервҳои сабзавоту мевагӣ талош кунанд, ки кулли қоидаҳои бехатарӣ риоя шавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.