spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

“Ба маҳви иқтисоди Туркия омодаам”. Трамп нисбат ба Туркия таҳрим эълон кард

Бинобар сабаби идомаи амалиёти низомии Туркия дар Сурия, президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп эълом дошт, ки зидди Туркия таҳримҳо ҷорӣ мешаванд.

Дар изҳороти шоми 14-уми октябр нашршудаи Кохи Сафед гуфта мешавад, амрикоиҳо гуфтушунидро дар бораи созишномаи тиҷоратӣ бо Туркия боздошта, боҷи воридоти пӯлод аз Туркия то 50% меафзояд. Дар ин бора Фонтанка.ру хабар медиҳад.

Ғайр аз ин, дар робита ба амалиёти низомӣ дар Туркия, нисбат ба мансабдорон таҳримҳои шахсӣ ҷорӣ мешаванд. Дар ҳамин ҳол Трамп таҳдид кардааст, ки ин танҳо оғози кор аст.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Курдҳои Сурия бо ҳукумати Башор Асад созишнома бастанд

“ИМА қотеъона аз таҳримҳои иқтисодӣ истифода хоҳад кард, то ки шахсони пуштибон аз рӯйдодҳои нохуш дар Сурия муҷозот шаванд, аз ҷумла, аз лиҳози молиявӣ. Агар роҳбарони Туркия ба паймудани ин роҳи тахрибкор идома диҳанд, ман ба маҳви иқтисоди Туркия омодаам”, – қайд мешавад дар изҳороти раисҷумҳури ИМА.

Зимнан Трамп саҳеҳтар маълумот медиҳад, ки оянда таҳримҳо метавонанд ба соҳаи молия ва додани раводид низ равона шаванд.

Ёдрас мекунем, ки раисҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон рӯзи 9-уми октябр оғози амалиёти “Сарчашмаи сулҳ”-ро эълон кард. Ҳадафи аслии амалиёт барқарории минтақаи амни 30-километрӣ дар марзи Туркия бо Сурия унвон мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...