Додхоҳии донишҷӯёни тоҷик аз Вазорати корҳои хориҷӣ

Date:

Як гурӯҳи бештар аз 20-нафараи донишҷӯёни тоҷик, ки дар донишгоҳҳои Русия таҳсил мекунанд, ба назди Вазорати корҳои хориҷӣ омода талаб кардаанд, ки ин ниҳод мушкилашонро ҳал кунад. 

Ин донишҷӯён, ки имсол ба донишгоҳҳои Русия қабул шудаанд, мегӯянд, ки агар ба макони таҳсили худ нараванд, эҳтимол аст онҳоро хориҷ кунанд.

Наҷибулло Абдуллоев, донишҷӯйи Донишгоҳи давлатии тиббии шаҳри Новосибирск мегӯяд, ки ба ӯ аз донишгоҳ барои таҳсил  даъватнома омадааст, аммо вақте ба сафорати Русия дар Тоҷикистон муроҷиат кардаанд, дар онҷо ба гуфтаанд, ки ба Вазорати корҳои хориҷа муроҷиат кунед.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

“Вақте мо  ба ВКХ муроҷиат мекунем, инҳо мегӯянд масъала мавриди баррасӣ қарор дорад, – мегӯяд ӯ. – Тӯли се моҳ мешавад, ки мо интизори ҷавобем. Аммо моро аз донишгоҳи Русия огоҳ карданд ки то сессия ба донишгоҳ наоед ё дар дарсҳо иштирок накунед, мо шуморо ихроҷ мекунем".

Ба гуфти Наҷибулло, ӯ дар бахши ординатураи клиникӣ таҳсил мекунад, барояш омӯзиши фосилавӣ намешавад.

Ба гуфтаи вай, ғайр аз ӯ дар ин ҷо бачаҳое ҳам ҳастанд, ки дар риштаҳои ҳавонавардӣ, молиявӣ, барномасозӣ ва бахшҳои дигар таҳсил мекунанд, ки фақат бо китоби холӣ намешавад. 

Ба қавли ин донишҷӯён, ба далели қатъи рӯзонаи барқ, наметавонанд таҳсилашонро онлайн идома диҳанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ба гуфтаи ин донишҷӯйи тоҷик, "вақте мо ба ҷониби донишгоҳои Русия мегӯем, ки мо ҳамамон вазъияти онлайн таҳсил карданро надорем, онҳо бо мо посух доданд, ки ин мушкили шумост".

Ин донишҷӯён мегӯянд, ки ба мушкили онҳо на вазорати илм расидагӣ карда метавонад ва на ниҳодҳои дигар.

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, ки масъалаи идомаи таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои Русия бо мақомоти марбутаи он кишвар мавриди баррасии доимӣ қарор дорад.
"Дар ҷавоб ба ёддошти Вазорати корҳои хориҷӣ аз 27 октябри 2020 дар бораи танзими сафари донишҷӯён ба Русия, Сафорати Русия дар Душанбе қайд намуд, ки вуруди донишҷӯёни хориҷӣ ба Федератсияи Русия пас аз қабули қарори умумӣ дар бораи иҷозати вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ба Русия бо дарназардошти вазъи беҳдоштию эпидемиологӣ дар шароити ҳамагирии коронавируси нав имконпазир хоҳад шуд. Ҳамчунин дар ёддошти ҷавобӣ таъкид шудааст, ки барои донишҷӯёни хориҷие, ки ҳоло берун аз Русия қарор доранд, барномаҳои таълимӣ дар шакли маҷозӣ (фосилавӣ) татбиқ шуда истодаанд",-гуфт як масъули вазорат ба "Азия-Плюс".

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Солиев Самеҳ, донишҷуйи дигар гуфт, ин бори аввал нест, ки ба Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати маориф ва сафорати Русия дар Тоҷикистон муроҷиат мекунанд, аммо натиҷае ҳосил намешавад. 

"Ман дар ришатаи тайёра дар донишгоҳи Хабаровск мехонам. Дарсҳои онлайнӣ барои ман мувофиқ нест.  Бо тариқи Zoom таҳсил мекунем, дар як соат 2 Гб интернет сарф мешавад. Тасаввур кунед, дар як соат 40 сомон дар 4 соат 160 сомон ҳамарӯза ба ман даркор аст, ки барои омӯзиш истифода кунем. Аммо ин миқдор пул надорам барои таҳсили онлайнӣ", – изҳор дошт ӯ.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...