Ҳалокати 3 кас, аз ҷумла 2 кӯдак дар садамаи нақлиёт

Бар асари садамаи нақлиёт дар роҳи автомобилгарди Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ, ки рӯзи 8 ноябр рух дод, 3 кас, аз ҷумла 2 нафар кӯдакон ба ҳалокат расиданд. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”, сокини шаҳри Ваҳдат Баҳром Зикриллоеви 35-сола ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Норак ба тарафи шаҳри Ваҳдат дар километри 25-уми шоҳроҳи […]

Бар асари садамаи нақлиёт дар роҳи автомобилгарди Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ, ки рӯзи 8 ноябр рух дод, 3 кас, аз ҷумла 2 нафар кӯдакон ба ҳалокат расиданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”, сокини шаҳри Ваҳдат Баҳром Зикриллоеви 35-сола ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Норак ба тарафи шаҳри Ваҳдат дар километри 25-уми шоҳроҳи «Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ» аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили роҳ мебаорояд ва ба автомашинаи тамғаи «Тайота-Прадо» таҳти идораи ронанда Аваз Маҳсиддинзодаи 36-сола, сокини ҷамоати деҳоти Неъматободи ноҳияи Ҳамадонӣ бармехӯрад.

Гуфта мешавад, дар натиҷаи бархӯрд ронандаи автомашинаи “Опел-Вектра” ва ду ҷияни ноболиғаш – Нигина Зикриллоеваи 2-сола ва Азамат Зикриллоеви 4-сола ба ҳалокат расидаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.