Боздошт ва ҷаримаи ронандаи мусофирбар барои бо суръати баланд рондани автомашина

Кормандони пулис дар Душанбе ронандаи автомашинаи мусофирбари хатсайри №47-ро барои бо суръати баланд идора намудани нақлиёти мусофиркаш боздошт намуданд. Бино ба иттилои Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе, истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ бо ирсоли наворе аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хоҳиш намуданд, ки нисбат ба ронандаи автомашинаи хатсайри №47 барои бо суръати баланд […]

Кормандони пулис дар Душанбе ронандаи автомашинаи мусофирбари хатсайри №47-ро барои бо суръати баланд идора намудани нақлиёти мусофиркаш боздошт намуданд.

Бино ба иттилои Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе, истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ бо ирсоли наворе аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хоҳиш намуданд, ки нисбат ба ронандаи автомашинаи хатсайри №47 барои бо суръати баланд рондани автомашинаи мусофиркаш чораҳои қонунӣ андешида шавад.

Гуфта мешавад, ки зимни гузаронидани як қатор чораҳои фаврии санҷишӣ муайян карда шуд, ки ронандаи автомашинаи тамғаи Мерседес-Спринтер, рақами қайди давлатиаш 2299 ТТ 05 шаҳрванд Давлатмирзо Саидов, санаи таваллудаш 05.01.1993 сокини н. Рӯдакӣ, ҷамоати Навобод мебошад.

Нисбат ба номбурда барои баланд намудани суръати ҳаракат, ки боиси озори мусофирон гардидааст, протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷаримабандӣ карда шуд. Ҳамзамон воситаи нақлиёт дар ҷаримагоҳи муваққатӣ ҷойгир карда шуда, барои дар оянда эҳтиром гузоштан нисбат ба мусофирон ва риояи ҳатмии Қоидаҳои ҳаракати роҳ ба таври қатъӣ огоҳонида шуд.

Инчунин номбурдаро кормандони шуъбаи БДА Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе огоҳ намуданд, ки дар ҳолати такрори чунин қоидавайронкунӣ аз ҳуқуқи идора намудани воситаи нақлиёти ҷамъиятӣ маҳрум карда хоҳад шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.