Бохти футболбозони тоҷик дар бозии дӯстона бо Баҳрайн

Тими мунтахаби футболи Баҳрайн дар бозии рафиқона бар тими футболи Тоҷикистон ғолиб омад. Бино ба иттилои Кумитаи милли олимпии Тоҷикистон,  вохӯрӣ бо рақобати баробари дастаҳо сурат гирифта, Баҳрайн бо ҳисоби минималии 1:0 ғолиб омад. Голи ягонаро Муҳаммад Саъд Ал-Ромайҳӣ дар охири нимаи аввал зад. Бозии мазкур рӯзи 7 ноябр дар  шаҳри Дубайи Амороти муттаҳидаи Араб […]

Тими мунтахаби футболи Баҳрайн дар бозии рафиқона бар тими футболи Тоҷикистон ғолиб омад.

Бино ба иттилои Кумитаи милли олимпии Тоҷикистон,  вохӯрӣ бо рақобати баробари дастаҳо сурат гирифта, Баҳрайн бо ҳисоби минималии 1:0 ғолиб омад. Голи ягонаро Муҳаммад Саъд Ал-Ромайҳӣ дар охири нимаи аввал зад. Бозии мазкур рӯзи 7 ноябр дар  шаҳри Дубайи Амороти муттаҳидаи Араб (АМА) баргузор шуд.

Инчунин гуфта мешавад, ки рӯзи 12 ноябр тими миллии Тоҷикистон боз як бозии дӯстона анҷом медиҳад. Ҳарифи тими миллии мо ин навбат мунтахаби футболи АМА хоҳад буд.

Бозии рафиқона

Баҳрайн – ТОҶИКИСТОН – 1:0

Гол: Муҳаммад Саъд Ал-Ромайҳӣ, 44.

Тоҷикистон: Рустам Ятимов, Давронҷон Эгашев, Аҳтам Назаров, Зоир Ҷӯрабоев (Манучеҳр Ҷалилов, 87), Табрези Давлатмир (Муҳаммадҷон Раҳимов, 80), Манучеҳр Сафаров, Амирбек Ҷӯрабоев, Абдулмуъмин Забиров (Комрон Турсунов, 70), Эҳсони Панҷшанбе, Илҳомҷон Баротов (Ислом Зоиров, 70), Шериддин Бобоев (Рустам Соиров, 80).

Довари марказ: Аҳмад Исо Дарвеш (АМА).

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.