Директори муассисаи тиббии “якум Советский” аз кор озод шуд

Фаррух Маҳмадзода, директори  Муассисаи давлатии “Маркази тиббии шаҳрии №1 ба номи Карим Ахмедов” (воқеъ дар маҳаллаи 1- ум Советский) аз вазифаи ишғолнамудааш барканор гардид. Дар ин бора ба “Азия – Плюс” манбаъ аз Вазорати тандурустӣ хабар дод.  Ба гуфтаи манбаъ, сабаби аз кор озод намудани Маҳмадзода маълум нест ва ӯ ба кори дигар низ нагузаштааст. […]

Фаррух Маҳмадзода, директори  Муассисаи давлатии “Маркази тиббии шаҳрии №1 ба номи Карим Ахмедов” (воқеъ дар маҳаллаи 1- ум Советский) аз вазифаи ишғолнамудааш барканор гардид. Дар ин бора ба “Азия – Плюс” манбаъ аз Вазорати тандурустӣ хабар дод. 

Ба гуфтаи манбаъ, сабаби аз кор озод намудани Маҳмадзода маълум нест ва ӯ ба кори дигар низ нагузаштааст.

“Сабаби аз кор озод шудани Маҳмадзода маълум нест ва то ҳол ба кори дигар низ нагузаштааст. Вале маълум аст, ки ӯ аз паси фаъолияти илмӣ аст ва шояд сабаб низ ҳамин бошад”.

Ҳамсӯҳбатамон илова кард, ки рӯзи 4 ноябр директори  Муассисаи давлатии “Маркази тиббии шаҳрии №1 ба номи Карим Ахмедов” аз кор озод ва дар ин вазифа ӯро Сафарзода Абдулло Мумин, директори Маркази шаҳрии илмию реаниматсия ва детаксикатсияи беморхонаи “Медгородок” иваз намуд.

Ёдрас мешавем, ки 6 майи соли равон Фаррух Маҳмадзода аз вазифаи муовини директори Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии Истиқлол” озод ва ба вазифаи директори Муассисаи давлатии “Маркази тиббии шаҳрии №1 ба номи Карим Ахмедов” таъин гардида буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.