Имрӯз автобусҳои Хуҷанд расман “кортӣ” шуданд

Сар аз имрӯз, 10-уми ноябр дар шаҳри Хуҷанд пардохти электронӣ дар нақлиёти ҷамъиятӣ расман ҷорӣ шуд. Ҳоло танҳо автобусҳои мусофирбар бо ин системаи кортӣ гузаштааст. Аюбҷон Раҳматзода муовини раиси шаҳри Хуҷанд, дар маросии расман иҷроӣ шудани низомӣ пардохти электронӣ гуфт, ки онҳо ба гурӯҳе аз қишри мусофирон дар додани корти электронӣ имтиёз додаанд. “Барои шаҳрвандони […]

Ҳалим Ҷӯраев, Asia-Plus

Сар аз имрӯз, 10-уми ноябр дар шаҳри Хуҷанд пардохти электронӣ дар нақлиёти ҷамъиятӣ расман ҷорӣ шуд. Ҳоло танҳо автобусҳои мусофирбар бо ин системаи кортӣ гузаштааст.

Аюбҷон Раҳматзода муовини раиси шаҳри Хуҷанд, дар маросии расман иҷроӣ шудани низомӣ пардохти электронӣ гуфт, ки онҳо ба гурӯҳе аз қишри мусофирон дар додани корти электронӣ имтиёз додаанд.

“Барои шаҳрвандони фахрии шаҳри Хуҷанд, шахсони соҳиби имтиёз, иштирокчиёни барқарорсозии сохти конститутсионӣ, бартарафкунандагони садамаи атомии Чернобил корти нақлиётӣ ҳамчун имтиёз ройгон дода мешавад”- гуфт ӯ

Системаи пардохти электронӣ дар доираи лоиҳаи “Рушди нақлиёти ҷамъиятӣ” дар шаҳри Хуҷанд бо маблағгузории Бонки Аврупои таҷдид ва рушд ва ташкилоти молиявии давлати Шветсария -“СЕКО” амалӣ гардид, ки 5,0 миллион доллари ИМА кӯмаки бебозгаш барои ин тарҳ сарф шудааст. 

Низоми нави пардохтро дар нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд низ ширкати “Авесто гурӯҳ” роҳандозӣ мекунад, ки низоми кортии нақлиёти ҷамъиятии Душанбе ҳам марбути он мебошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.