Бохтар: ваъдаи зиёрати Каъба ба ивази 80 ҳазор сомонӣ

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ки як корманди Дастгоҳи раиси шаҳри Бохтар барои қаллобӣ боздошт гардидааст. Ба иттилои ниҳоди мазкур,  Абдураҳмонов А.А. дар мансаби мутахассиси Шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони Дастгоҳи раиси шаҳри Бохтар фаъолият намуда, моҳи феврали соли 2020 бо истифода аз мақоми хизматиаш суистифода намудааст. Гуфта […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ки як корманди Дастгоҳи раиси шаҳри Бохтар барои қаллобӣ боздошт гардидааст.

Ба иттилои ниҳоди мазкур,  Абдураҳмонов А.А. дар мансаби мутахассиси Шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони Дастгоҳи раиси шаҳри Бохтар фаъолият намуда, моҳи феврали соли 2020 бо истифода аз мақоми хизматиаш суистифода намудааст.

Гуфта мешавад, ки номбурда аз шаҳрванд Сабиров Р.Р. барои ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳо ҷиҳати дар мавсими “Ҳаҷ-2020” ба зиёрати Каъба рафтанаш 80 ҳазор сомонӣ талаб карда гирифта, ба манфиати охирин ягон амалро иҷро намекунад ва маблағро тасарруф намудааст.

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба Абдураҳмонов А.А. бо моддаи 247 (қаллобӣ),қисми 4, банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, он бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд фиристода шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.