Филми рӯзноманигорони тоҷик ба Ҷашнвораи филмҳои мустанади Русия раҳ ёфт

Филми таҳиякардаи рӯзноманигор Далер Имомалӣ ва Дилошуб Орифзода бо номи “Шуроб” ба барномаи озмуни Ҷашнвораи бози филмҳои мутсанади “Русия” (Открытого фестиваля документального кино "Россия" ) шомил гардидааст. Дар ин бора Лилия Гейсина корманди масъули "Интернюс" дар Тоҷикистон дар фейсбук хабар додааст. Ба гуфтаи Лилия филми мазкур соли 2019 аз сӯйи студияи Art-Vision Акмал Ҳасанов ба навор […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Филми таҳиякардаи рӯзноманигор Далер Имомалӣ ва Дилошуб Орифзода бо номи “Шуроб” ба барномаи озмуни Ҷашнвораи бози филмҳои мутсанади “Русия” (Открытого фестиваля документального кино "Россия" ) шомил гардидааст.

Дар ин бора Лилия Гейсина корманди масъули "Интернюс" дар Тоҷикистон дар фейсбук хабар додааст. Ба гуфтаи Лилия филми мазкур соли 2019 аз сӯйи студияи Art-Vision Акмал Ҳасанов ба навор гирифта шудааст.

Гуфта мешавад, ки филм дар бораи шаҳраки партобшудаи Шӯроби шаҳри Исфараи вилояти Суғд буда, гурӯҳи наворбардории студияи Art-Vision як моҳ дар ин деҳа зиндагӣ карда, бо дастгирии Интернюс филми мустанади "Шӯроб" -ро дар бораи ҳаёти ҳаррӯзаи деҳ ба навор гирифтанд.

Дар деҳаи Шӯроби шимоли Тоҷикистон, аз соли 2006 инҷониб барои аҳолӣ оби нӯшокӣ мавҷуд нест. Замоне дар ин ҷо 15 ҳазор нафар зиндагӣ мекарданд, ҳоло на бештар аз се ҳазор нафар боқӣ мондаанд, ки онҳо имкони рафтан аз ин маконро надоранд.

Тавре “Интернюс”-и Тоҷикистон менависад, умуман, деҳаи Шуроб танҳо аз соли 1952 то 2006 мақоми шаҳракро гирифта, обод ва шукуфон буд, ки дар он бисёр сокинони ҳавмонвақтаи  Тоҷикистони орзуи зиндагӣ  мекарданд. Ва танҳо  соли 2005 мақоми деҳаро гирифт. То ҳол сокинони деҳа дар бораи замонҳои гузашта, вақте ки об буд, музди мӯътадил ва деҳа – шаҳри воқеӣ ҳарф мезананд.

“Рӯзноманигорони тоҷик на як бору ду бор дар бораи шаҳраки Шӯроб ва мушкилоти асосии он навиштаанд, аммо гурӯҳи иборат аз шаш нафараи Дилошӯб тасмим гирифтанд, ки зиндагии ин мардумро ба таври возеҳ нишон диҳанд. Ва онҳо дар ин деҳа тақрибан як моҳ зиндагӣ карданд. Коргардон шарҳ медиҳад, ки дар аввал сокинон намехостанд дар бораи мушкилоти худ ҳарф зананд, аммо баъдан ба умеди он ки ин филм метавонад зиндагии онҳоро тағйир диҳад, розӣ шуданд, ки дар наворбардорӣ ширкат кунанд”, – навиштааст Интернюс.

Ёдрас мешавем, ки филми мустанади 33-дақиқаии "Шӯроб" рӯзи 12 ноябри соли 2019 дар толори кинотеатри “Зебуниссо” дар Душанбе бори нахуст намоиш дода шуда буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.