Баъди танаффус: 20 ноябр мурофиаи қазияи қатли пурсарусадои Ҳувайдо

Мурофиаи навбатӣ оид ба баррасии парвандаи қатли духтари 5-солаи тоҷик Ҳувайдо Тиллозода рӯзи 20-уми ноябр доир мегардад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” Абдусалом Саидов, падари Ҳувайдо хабар дод, Ба гуфтаи номбурда, “имрӯз аз Додгоҳи вилояти Маскав занг зада хабар доданд, ки рӯзи 20-уми ноябр соати 11 мурофиаи навбатӣ доир мегардад”. Саидов ҳамчунин илова кард, ки […]

Муаллиф: Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Мурофиаи навбатӣ оид ба баррасии парвандаи қатли духтари 5-солаи тоҷик Ҳувайдо Тиллозода рӯзи 20-уми ноябр доир мегардад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” Абдусалом Саидов, падари Ҳувайдо хабар дод,

Ба гуфтаи номбурда, “имрӯз аз Додгоҳи вилояти Маскав занг зада хабар доданд, ки рӯзи 20-уми ноябр соати 11 мурофиаи навбатӣ доир мегардад”.

Саидов ҳамчунин илова кард, ки вазъи саломатии гумонбар дар қатли духтараш Александр Сёмин хуб арзёбӣ гардида, дар мурофиа иштирок хоҳад кард. Инчунин мегӯяд, ки ҳимоятгари онҳо Шавкат Умаров ба ин мурофиа омода аст ва аз Сафорати Тоҷикистон дар Русия мурофиаро зери назорат гирифтаанд то одилона баррасӣ гардад.

“Борҳо гуфтам, ки Симён бемор нест ва мо бояд ин мурофиаро бурд кунем, ки рӯҳи ҷигарбандам осуда гардад. Ва ин ғалабаи на танҳо ман, балки кулли Тоҷикистон хоҳад буд. Баъди ҳукми ниҳоиии додгоҳ ба ватан бармегардам. Хеле хаста шудам”, -илова кард номбурда.

Шавкат Умаров, ҳимоятгари Саидов дар суҳбат ба “Азия-Плюс” рӯзи 1-уми октябр гуфта буд, Александр Сёмин дар беморхонаи касалиҳои рӯҳӣ қарор дорад ва дар ин муддат низ парванда қатъ карда нашудааст ва тафтишот идома дошт.

Ӯ он замон гуфта буд,  “табибон вазъи саломатии гумонбарро хуб арзёбӣ намудаанд. Вале ҷониби судшаванда аз рӯи қарори табибон шикоят бурдааст. Агар шикоят қабул нашавад, Сёмин ба суолҳои мо посух хоҳад дод. Чун ҳамаи далелҳои парванда ҷамъоварӣ шудаанд ва интизори ҳукм ҳастем”, – гуфт Умаров.  

Хотиррасон мекунем, ки 22-юми июли соли равон аз куштори Ҳувайдо Тиллозодаи 5-сола, ки дар шаҳри Серпухови Русия бераҳмона кушта шуд, 2 сол сипарӣ гардид. Аммо то ҳол гумонбари қатли ӯ маҳкум нашудааст. Падари Ҳувайдо афзуд, ки дар беморхонаи равонӣ қарор доштани Александр Сёмин, қотили Ҳувайдо сабаби то ҳол ҷазо нагирифтанаш ва тамдид шудани мурофиаи додгоҳӣ мебошад.

Ҳувайдо Тиллозода рӯзи 22-юми июли соли 2018 аз майдончаи назди хонаашон дар шаҳри Серпухово нопадид шуд ва рӯзи дигар ҷасади ӯро дар борхалтаи варзишӣ пайдо карданд. Дар ин ҳодиса Александр Сёмин муттаҳам шуд, ки дар ҳамсоягии онҳо мезист.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.