Ҳошим Гадо дар беморхонаи сироятии Зарафшон бистарӣ шуд

Ходими барҷастаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон, профессор, Ҳунарманди халқии ИҶШС-ву Тоҷикистон Ҳошим Гадо дар беморхонаи сироятии Зарафшон бистарӣ гардидааст. Гуфта мешавад ҳунарманд ба бемории коронавирус сироят шудааст. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаи мӯътамад дар Вазорати тандурустӣ хабар дод. Худи Ҳошим Гадо дар мусоҳиба бо хабаргузории "Азия-Плюс" бистарӣ шуданашро тасдиқ намуда гуфт, ки "худро […]

Ходими барҷастаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон, профессор, Ҳунарманди халқии ИҶШС-ву Тоҷикистон Ҳошим Гадо дар беморхонаи сироятии Зарафшон бистарӣ гардидааст. Гуфта мешавад ҳунарманд ба бемории коронавирус сироят шудааст. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаи мӯътамад дар Вазорати тандурустӣ хабар дод.

Худи Ҳошим Гадо дар мусоҳиба бо хабаргузории "Азия-Плюс" бистарӣ шуданашро тасдиқ намуда гуфт, ки "худро чандон хуб ҳис намекунад".

Аммо манбаъ мегӯяд,  ки рӯзҳои ахир вазъи Ҳошим Гадо беҳтар шуда, вай ба зудӣ аз бемористон рухсат мешавад.

Ҳошим Гадоев 10 майи соли 1937 дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Соли 1960 Институти давлатии санъати театрии ба номи А. В. Луначарский (ГИТИС) ва соли 1965 Курсҳои олии коргардонии ин институтро хатм кардааст.

Аз соли 1961 ба ҳайси ҳунарманд ва коргардони Театри драмавии тоҷикии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ кор кардааст.

Ҳошим Гадо дар саҳна беш аз 150 нақшро бозӣ карда, намоишҳои зиёдеро ба саҳна гузоштааст. Муҳимтарини онҳо "Шоҳи Эдип" -и Софокл мебошад, ки  беш аз сад маротиба дар саҳна гузошта шудааст. Барои солгарди Рӯдакӣ дар соли 2008, ӯ дар бораи ҳаёт ва фаъолияти ин шоир ва мутафаккир намоише ба саҳна гузоштааст.

Номбурда  дар беш аз 50 филми коргардонҳои тоҷик ва хориҷӣ дар киностудияҳои "Тоҷикфилм", "Узбекфилм", "Озарбойҷонфилм", "Беларусфилм" нақш офаридааст. Дар бештар аз 100 нақш дар филмҳои бадеӣ ба забони тоҷикӣ овоз додааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.