Суғд: “Тумори коронавирус”-ро кушоданд, бешафоат будааст

Дар шимолии Тоҷикистон натиҷаи ташхиси озмоишгоҳии гардановезаи “коронавирус”-и ҷопонии Virus Shut Out дақиқ шуд, ки ба ҷузъ мардумфиребӣ дигар ҳеҷ будааст. Масъулин мегӯянд, дар мӯҳри рӯйи бейҷик бо ҳуруфи ҷопонӣ аз будани диоксид хлор, як намуд моддаи муассири химиявии зидди вирусӣ ишора шудааст, ки дурӯғомез баромад. Роҳбари КВД “Экспертиза ва озмоиши маҳсулотҳои фармасефтӣ ва тиббӣ дар […]

Ҳалим Ҷӯраев, Asia-Plus

Дар шимолии Тоҷикистон натиҷаи ташхиси озмоишгоҳии гардановезаи “коронавирус”-и ҷопонии Virus Shut Out дақиқ шуд, ки ба ҷузъ мардумфиребӣ дигар ҳеҷ будааст. Масъулин мегӯянд, дар мӯҳри рӯйи бейҷик бо ҳуруфи ҷопонӣ аз будани диоксид хлор, як намуд моддаи муассири химиявии зидди вирусӣ ишора шудааст, ки дурӯғомез баромад.

Роҳбари КВД “Экспертиза ва озмоиши маҳсулотҳои фармасефтӣ ва тиббӣ дар вилояти Суғд”-и Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолӣ Муҳриддин Наботов дар сӯҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, ки онҳо аз рӯйи чаҳор методи реаксияҳои таҳлилӣ бейҷики “коронавирус”-ро ташхис карданд, ки исботи тиббӣ наёфт. Вай мегӯяд, дар таркиби бейҷик бӯй, гази кислотаи истеҳсолӣ ва диоксид хлор мавҷуд набуд.

“Диоксиди хлор бӯйи ба худ хос дорад, он дар ҳарорати аз 10 градус поён ба моеи сурхи ҷигарӣ мубадал мегардад. Вақте хокаи регмонанди бейҷики  Virus Shut Out-ро дар ҳамин ҳарорат санҷидем чизе ҳосил нашуд ва моддаи регмонанд низ тағйир наёфт. Ҳангоми гарм намудан бейҷик бояд метаркид, аммо ин бейҷик оташ нагирифт, билъакс онро хомӯш кард. Бояд дар об ба зуддӣ ҳал мешуд, аммо дар фосилаи 24 соат низ ҳал нашуд. Ҳангоми ба кислотаи сулфат ва сирко омезиш кардан мебоист об мешуд, аммо хокаи регмонанди бейҷики “коронавирус” об нашуд.”-

Бино ба иттилои Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Суғд нисбати чаҳор нафар, ки дар фурӯши бейҷики “коронавирус” даст доштанд парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст.

“Нисбати чаҳор нафар, 3 нафар масъули дорухона ва як нафар фурӯшандаи бозор парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ боз шуд. Як масъули дорухона дар шаҳри Хуҷанд ва ду нафар дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ошкор шуданд, ки ғайриқонуни бейҷики зидди вирусӣ мефурӯхтанд. Ҳамаи ин ҷаҳор нафар дар алоҳидагӣ 2900 сомонӣ ҷаримабандӣ шуданд.”-мегӯяд, манбаъи Азия-Плюс

Бино ба маълумоти Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва Маркази санитарию эпидемиологӣ дар Суғд тавонистаанд аз фурӯши ҳамаги 108 дона бейҷики “коронавирус” аз дорухонаву бозорҳо ҷилавгирӣ кунанд. Ин дар ҳолест, ки бейҷик охирҳои моҳи октябр, асосан дар Хуҷанд ба таври густарда фурӯхта мешуд.

Манбаъ афзуд, феълан ба 13 ширкате, ки ба фурӯши молу колои тиббӣ машғуланд, огаҳинома ирсол кардаанд, ки “эҳтиёткор” бошанд ва ба фурӯши бейҷики “короновирус” даст назананд. Масъулин мегӯянд, бо гузашти тахмин як моҳ натавонистаанд воридкунандаи аслии бейҷики ҷопонии Virus Shut Out-ро боздошту бозпурсӣ кунанд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.