Ҳошим Гадо дар беморхонаи сироятии Зарафшон бистарӣ шуд

Date:

Ходими барҷастаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон, профессор, Ҳунарманди халқии ИҶШС-ву Тоҷикистон Ҳошим Гадо дар беморхонаи сироятии Зарафшон бистарӣ гардидааст. Гуфта мешавад ҳунарманд ба бемории коронавирус сироят шудааст. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаи мӯътамад дар Вазорати тандурустӣ хабар дод.

Худи Ҳошим Гадо дар мусоҳиба бо хабаргузории "Азия-Плюс" бистарӣ шуданашро тасдиқ намуда гуфт, ки "худро чандон хуб ҳис намекунад".

Аммо манбаъ мегӯяд,  ки рӯзҳои ахир вазъи Ҳошим Гадо беҳтар шуда, вай ба зудӣ аз бемористон рухсат мешавад.

Ҳошим Гадоев 10 майи соли 1937 дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Соли 1960 Институти давлатии санъати театрии ба номи А. В. Луначарский (ГИТИС) ва соли 1965 Курсҳои олии коргардонии ин институтро хатм кардааст.

Аз соли 1961 ба ҳайси ҳунарманд ва коргардони Театри драмавии тоҷикии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ кор кардааст.

Ҳошим Гадо дар саҳна беш аз 150 нақшро бозӣ карда, намоишҳои зиёдеро ба саҳна гузоштааст. Муҳимтарини онҳо "Шоҳи Эдип" -и Софокл мебошад, ки  беш аз сад маротиба дар саҳна гузошта шудааст. Барои солгарди Рӯдакӣ дар соли 2008, ӯ дар бораи ҳаёт ва фаъолияти ин шоир ва мутафаккир намоише ба саҳна гузоштааст.

Номбурда  дар беш аз 50 филми коргардонҳои тоҷик ва хориҷӣ дар киностудияҳои "Тоҷикфилм", "Узбекфилм", "Озарбойҷонфилм", "Беларусфилм" нақш офаридааст. Дар бештар аз 100 нақш дар филмҳои бадеӣ ба забони тоҷикӣ овоз додааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...