“Интиҳорӣ”: достоне, ки дар Душанбе нашр шуд, тарҷумаи инглисӣ шуд

Достони “Интиҳорӣ”-и Аҳмад Фаҳими Кӯҳдоманӣ нависанда ва дипломати тоҷики Афғонистон, ки моҳи январи имсол дар Душанбе нашру рӯнамоӣ шуда буд, ба инглисӣ тарҷумаву нашр шудааст. Аҳмад Фаҳим Кӯҳдоманӣ аз Кобул ба “Азия-Плюс” гуфт, ки дар назар аст дар рӯзҳои наздик тарҷумаи паштуи ин асар низ халос мешавад ва дар ихтиёр хонандаҳои паштузабон қарор мегирад. Достони "Интиҳорӣ" […]

Asia-Plus

Достони “Интиҳорӣ”-и Аҳмад Фаҳими Кӯҳдоманӣ нависанда ва дипломати тоҷики Афғонистон, ки моҳи январи имсол дар Душанбе нашру рӯнамоӣ шуда буд, ба инглисӣ тарҷумаву нашр шудааст.

Аҳмад Фаҳим Кӯҳдоманӣ аз Кобул ба “Азия-Плюс” гуфт, ки дар назар аст дар рӯзҳои наздик тарҷумаи паштуи ин асар низ халос мешавад ва дар ихтиёр хонандаҳои паштузабон қарор мегирад.

Достони "Интиҳорӣ" аз сарнавишти талхи як навҷавон нақл мекунад, ки дар як минтақаи таҳти идораи Толибон дар вилояти Ғазнӣ воқеъ дар Афғонистон марказӣ, зиндагӣ мекунад. Дар таътили зимистона волидон аз тарси сарбозгирии Толибон ва ҳам ба хотири таълимоти динӣ гирифтан, ӯро ба мадрасае берун аз деҳ мефиристанд. Аммо дар ин ба ном мадраса, баръакси интизороти падару модар, Ибодуллоҳ – қаҳрамони асар, ба дасти гурӯҳе меафтад, ки ӯро таҷовуз ва барои амалиёти интиҳорӣ омода мекунанд. Ӯро ба Покистон мебаранд ва пас аз мағзшӯиву дарсҳои ифротӣ ва фиребу найранг, барои анҷоми инфиҷор дар Кобул мувофиқат мекунад ва ҳамроҳ бо худ чандин нафарро ба қатл мерасонад.

Куҳдоманӣ мегӯяд, “ҳадаф аз таълифи ин китоб, ҳушдор ба хонаводаҳо ва ҷавононе аст, ки бо умеди омӯзиши аҳкому фароизи динӣ ба доми фиреби гурӯҳҳои террористӣ меафтанд ва ба марги худ розӣ мешаванд”.

Муаллифи асар мегӯяд паёмаш дар ин китоб ба хонанда ва мардуми Афғонистону минтақаи мо ин аст, ки муроқиби дарсу таълими фарзандонашон бошанд, ки мабодо дар доми шабакаҳои террористӣ ва даҳшатафкан биафтанд.

Аҳмад Фаҳими Куҳдоманӣ, нависанда, дипломат ва яке аз фаъолони сиёсии Афғонистон аст, ки то миёнаҳои имсол дар Сафоратхонаи Афғонистон дар Душанбе масъули ташрифот буд ва пас аз хатми маъмурияташ ба Кобул баргашт. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.