Дар Кӯлоб шабона ҳам интиқоли барқро қатъ мекунанд

Аз 22 ноябр дар саросари шаҳри Кӯлоб интиқоли барқ шабона ҳам қатъ мешавад, иттилоъ дод хабарнигори “Азия-Плюс” дар минтақа. “Пеш танҳо рӯзона: аз соати 8:00-и субҳ то 17:00-и шом интиқоли барқ қатъ мешуд. Аз 22 ноябр шабона ҳам барқ хомӯш мешавад. Акнун аҳолӣ аз соати 5:00 то 7:00-и субҳ ва аз 18:00 то 22:00-и шаб […]

Билоли Шамс, Asia-Plus

Аз 22 ноябр дар саросари шаҳри Кӯлоб интиқоли барқ шабона ҳам қатъ мешавад, иттилоъ дод хабарнигори “Азия-Плюс” дар минтақа.

“Пеш танҳо рӯзона: аз соати 8:00-и субҳ то 17:00-и шом интиқоли барқ қатъ мешуд. Аз 22 ноябр шабона ҳам барқ хомӯш мешавад. Акнун аҳолӣ аз соати 5:00 то 7:00-и субҳ ва аз 18:00 то 22:00-и шаб бо барқ таъмин мешавад”, – мегӯяд ӯ.

Дар ҶСК “Шабакаҳои барқи Кӯлоб” ба хабарнигори “Азия-Плюс” дар ин робита иттилоъ доданд, ки қатъи интиқоли барқ дар минтақаи Кӯлоб ба камшавии захираи об дар обанбори Норак вобаста аст.

“Сатҳи об дар обанбори Норак нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,5 метр поинтар аст. Бо фарорасии сардиҳо мардум ҳам ба зиёдтар истифода кардани барқ шурӯъ намуданд. Масалан, дар моҳи октябри ҳамин сол сокинони минтақаи Кӯлоб 10 млн кВ/соат зиёдтар дар муқоиса бо соли пешин барқ истифода карданд”, – гуфтанд дар ин корхона.

Зимнан зикр шуд, ки дар дигар минтақаҳои кишвар низ чунин вазъ ба мушоҳида мерасад, лекин баъди як ҳафта ё аз ҳама дертараш пас аз 10 рӯз вазъият ба эътидол омада, аҳолӣ дар ҳаҷми пурра бо барқ таъмин хоҳад шуд.

Аввали моҳи октябр шикояти сокинони минтақаҳои деҳот аз тез-тез ва ба муҳлатҳои тӯлонӣ қатъ шудани интиқоли барқ оғоз гардид. Дар “Барқи тоҷик” қатъи интиқоли барқро ба баргузории корҳои таъмиру барқарорсозӣ дар неругоҳҳо, хатаҳои интиқоли барқ ва зеристгоҳҳо нисбат дода, ҷорисозии реҷаи маҳдуди истифодаи барқ (лимит)-ро рад мекарданд ва ваъда медоданд, ки “бо анҷоми ин корҳо, интиқоли барқ дар ҳаҷмҳои зарурӣ барқарор мешавад”.

Мутахассисон мегӯянд, ба зербинои низоми энергетикӣ чизе нашудааст ва маҳдудияти интиқоли барқ ба норасоии захираҳои об марбут мебошад, зеро моҳҳои охир дар Тоҷикистон боришот набуд, дар минтақаҳои баландкӯҳ барф меборад, ҳарорат сард буда, барф об намешавад ва дарёҳо камоб шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.