Анҷоми «Моҳи амал оид ба рушди иқлими сабз» дар Тоҷикистон

Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Deutsche Gesellschaft für Internationale Zusammmenarbeit (GIZ) GmbH (Ҷамъияти Олмонӣ оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ) “Амалиёти якмоҳаро оид ба рушди иқлими сабз", ҳамчун бахши шарикӣ бо ҳадафи тақвияти ҳамкорӣ оид ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва ҳифзи гуногунии биологӣ тибқи уҳдадориҳои Созишномаи байналмилалии Париж оид ба […]

Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Deutsche Gesellschaft für Internationale Zusammmenarbeit (GIZ) GmbH (Ҷамъияти Олмонӣ оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ) “Амалиёти якмоҳаро оид ба рушди иқлими сабз", ҳамчун бахши шарикӣ бо ҳадафи тақвияти ҳамкорӣ оид ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва ҳифзи гуногунии биологӣ тибқи уҳдадориҳои Созишномаи байналмилалии Париж оид ба тағйирёбии иқлим ва Конвенсияи гуногунии биологӣ тӯли як моҳ аз 24 октябр то 21 ноябри соли 2020 роҳандозӣ кард.

Дар “Моҳи амал оид ба рушди иқлими сабз” бо як қатор тадбирҳои фосилавӣ, аз қабили мусобиқаҳои ҳунарӣ, викторинаҳо, силсилаи подкаст ва муколамаи коршиносон баргузор намуд, ҳамчунин бо баҳсҳои зинда бо иштироки намояндагони идораҳои дахлдори давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон ва ҷомеаи байналмилалӣ идома ёфт.

“Моҳи амал оид ба рушди иқлими сабз” дар пояи эҷоди тафаккури пешрафта доир ба масъалаҳои муҳити зист, тағйирёбии иқлим дар сатҳи ҷаҳон пешбинӣ гардида буд. Ҳадафи ташаббуси номбурда бо мақсади боло бурдани сатҳи маърифатнокӣ ва огоҳӣ оид ба масъалаҳои мазкур буда, ба воситаи чорабиниҳои фосилавӣ дар саросари Тоҷикистону берун аз он дастрас буд ва дар шабакаи ҷаҳонии Интернет бо хештегҳои  #Иқлими_сабз #trashtag, #GreenQuarantine, #ForNature, #CEPGreenClimateAction, #GIZGreenClimateAction сурат гирифтанд.

Ҳамчунин дар доираи чорабинии мазкур тадбирҳои зерин амалӣ шуданд:

– Силсилавиктаринаҳо дар мавзҳои муҳити зист ва тағйирёбии иқлим.

– Озмуни тасвирҳои рақамӣ.

– Силсилаи ЭКО-подкастҳо доир ба тағйирёбии иқлим, хоҷагии ҷангал ва гуногунии биологӣ.

– Мизи мудаввар бо иштироки намояндагони мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ.

Дар интиҳои чорабиниҳо 21 ноябр маросими ҷамъбастӣ баргузор шуд, ки дар он Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Ҷамъияти Олмонӣ оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (GIZ) 100 ниҳоли кипариси калонро дар боғи «Умари Хайём» – и шаҳри Душанбе шинонида шуданд.

Бо назардошти муҳиммияти масъала оид ба татбиқи сиёсати экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»,  уҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти  иҷрои Созишномаҳои байнилмилалӣ роҷеъ ба тағйирёбии иқлим  ва иҷрои бандҳои дахлдори Нақшаи чорабиниҳои Барномаи давлатии комлексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020 дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд чорабиниҳои мазкур ташкил ва гузаронида шуд.

Дар чорабиниҳои “Моҳи амал оид ба рушди иқлими сабз” блогерон ба мусобиқаҳои ҳунарӣ пайваста, видеоҳои сохтаашон ва подкастҳову назарҳои нашршуда беш аз 500 ҳазор боздидро фаро гирифтанд. Ҳамчунин дар озмуни расмкашӣ беш аз 200 расмҳои рақамиву мусавварагӣ пешниҳод шуда, даҳҳо донишҷӯи ватанӣ дар нишастҳо табодули афкор намуда, аҳамияти ҳифзи табиат ва муҳити зистро арзёбӣ карданд.Чунин фаъолияти густурда фазои маҷозии Тоҷикистонро пур аз паёму ахбори "Иқлими сабз" намуд.

Маълумоти бештарро дар бораи чорабиниҳои баргузоршуда дар ин ҷо пайдо кардан мумкин аст: https://web.facebook.com/tajnature.tj ва http://tajnature.tj/

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.