Ректорҳои нави Донишгоҳҳои Тоҷикистон: кистанд?

Дар идомаи тағйироти кадрӣ, имрӯз ҳамчунин Исматзода Азизулло аз мақоми сардори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод шуд. Ҳамчунин бо қарорҳои Ҳукумати Тоҷикистон ректори як қатор Донишгоҳу донишкадаҳои Тоҷикистон ҳам ба курсиҳояшон хайру хуш карданд. Аз ҷумла Ҷило Гулназарзода ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода таъин шудааст. То таъини хонум Ҷило ин вазифа дар ихтиёри Маҳмадулло […]

Asia-Plus

Дар идомаи тағйироти кадрӣ, имрӯз ҳамчунин Исматзода Азизулло аз мақоми сардори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод шуд.

Ҳамчунин бо қарорҳои Ҳукумати Тоҷикистон ректори як қатор Донишгоҳу донишкадаҳои Тоҷикистон ҳам ба курсиҳояшон хайру хуш карданд. Аз ҷумла Ҷило Гулназарзода ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода таъин шудааст. То таъини хонум Ҷило ин вазифа дар ихтиёри Маҳмадулло Раҷабзода буд.

Ҷило (Жило) Гулназарзода, доктори улуми филологӣ то расидан ба ин мақом мудири кафедраи типология ва таърихи забони ДМТ ва котиби илмии Шӯрои дифоъи рисолаҳои илмии бахши забоншиносии ҳамин донишгоҳ буд.

Ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ Шермамад Ҷонмамадов ба далели расидан ба синни бознишастагӣ низ озод ва ба ҷойи ӯ Гулзорхон Юсуфзода ректор шудааст. Гулзорхон Юсуфзода доктори илмҳои физикаву математика аст, ки соли 2017 узви вобаста ё аъзо-корреспонденти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон интихоб шудааст.

Ҳамчунин ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Мухтор Фозилзода ҳам аз мақомаш барканор шудаву ба ҷойи ӯ дар ин мақом Бахтиёр Маҳмадалӣ омадааст. Диловаршоҳ Исозода курсии ректории Донишкадаи энергетикии Тоҷикистонро соҳиб шудааст, ки то ин вақт ин курсӣ дар ихтиёри Хайрулло Назарзода буд.

Диловаршоҳ Исозода то ин вақт сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон ва аз он пештар муовини ректори Донишгоҳи давлатии Данғара буд.

Бахтиёр Маҳмадалӣ ректори нави ин донишкада то ин вақт мудири Коллеҷи кӯҳии ба номи С.Юсуповаи назди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон буд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.