Душанбе эстафетаи пойтахти фарҳангии ИДМ-ро қабул кард

Шаҳри Душанбе расман эстафетаро аз шаҳри Чимкенти Қазоқистон қабул карда, соли 2021 пойтахти фарҳангии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шуд. Дар маҷмааи таърихиву фарҳангии “Ситадел”-и шаҳри Чимкент рӯзи 22 ноябр маросими тантанавии  пӯшидашавии соли “Чимкент – пойтахти фарҳангии ИДМ-2020” ва супурдани эстафета ба шаҳри Душанбе дар соли 2021 баргузор шуд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз шаҳрдории […]

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Шаҳри Душанбе расман эстафетаро аз шаҳри Чимкенти Қазоқистон қабул карда, соли 2021 пойтахти фарҳангии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шуд.

Дар маҷмааи таърихиву фарҳангии “Ситадел”-и шаҳри Чимкент рӯзи 22 ноябр маросими тантанавии  пӯшидашавии соли “Чимкент – пойтахти фарҳангии ИДМ-2020” ва супурдани эстафета ба шаҳри Душанбе дар соли 2021 баргузор шуд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз шаҳрдории Душанбе.

Пас аз суханронии ҳокими шаҳри Чимкент котиби иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев бо паёми шодбошӣ ба сокинону меҳмонони шаҳр муроҷиат намуда, дар вазъи тантанавӣ эстафетаро ба шаҳри Душанбе супурд.

Аз ҷониби Тоҷикистон бо паёми шодбошӣ консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон Баҳоду Назир суханронӣ кард.

Дар ҳамин ҳол, корвони рамзӣ бо навиштаҷоти 2200 (рамзи синни шаҳри Чимкент) бо 2200 тӯмор ва 2200 бех гули лола бо Роҳи Абрешим ба шаҳри Душанбе раҳсипор шуд, илова карданд дар шаҳрдорӣ.

Ёдрас мекунем, ки бо қарори сарони кишварҳои ИДМ соли 2018 дар ҷаласаи Шӯро шаҳри Душанбе пойтахти фарҳангии ИДМ дар соли 2021 муқаррар шуд. Ҳадаф аз он рушди муколама ва муттаҳид сохтани имконоти фарҳангии кишварҳои узви ИДМ мебошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.