Гардишҳои нави қазияи Маҳмурод Одинаев: ВКД “хабаре надорем, вале барои писараш парвандаи ҷиноятӣ боз шуд”

Маҳмурод Одинаев, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ба иддаои наздиконаш  чанд рӯз аст  бедарак шудааст. “Радиои Озодӣ” менависад, ки “афроди наздик ба ӯ гуфтанд, намедонанд, ӯ ҳоло дар куҷо қарор дорад. Паёмгирӣ Фейсбуки ӯ рӯшан аст, вале ба навиштаҳо посух намедиҳад”. Дафтари матбуоти ВКД рӯзи 24-уми ноябр ба “Азия-Плюс” гуфт, ки дар мавриди нопайдо  шудани […]

Маҳмурод Одинаев, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ба иддаои наздиконаш  чанд рӯз аст  бедарак шудааст. “Радиои Озодӣ” менависад, ки “афроди наздик ба ӯ гуфтанд, намедонанд, ӯ ҳоло дар куҷо қарор дорад. Паёмгирӣ Фейсбуки ӯ рӯшан аст, вале ба навиштаҳо посух намедиҳад”.

Дафтари матбуоти ВКД рӯзи 24-уми ноябр ба “Азия-Плюс” гуфт, ки дар мавриди нопайдо  шудани Маҳмурод Одинаев хабар надоранд ва наздикони ӯ низ ба ВКД барои пайдо намуданаш аризае пешниҳод накардаанд. “Дар мавриди бенишон шудани Маҳмурод Одинаев ягон маълумот надорем, вале нисбат ба писрараш парвандаи ҷиноӣ боз шудааст”, – гуфтанд дар ВКД.

Аммо “Радиои Озодӣ” хабар медиҳад, ки шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Ҳисор Маҳмурод Одинаев, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистонро таҳти ҷустуҷӯ қарор додааст. Маъмурони милиса гуфтаанд, ӯ панҷ рӯз пеш барои суолу ҷавоб дар бораи амалҳои писараш ба шуъба даъват шуда буд, аммо ҳозир нашуд. Милисаи  Ҳисор Одинаверо барои ҳозир нашудан ба ШВКД таҳти ҷустуҷӯ қарор додааст.

ВКД  аз боз шудани парвандаи ҷиноӣ дар баробари писари ӯ Шайхмуслиҳиддин Ризоев бо моддаи 237 (авбошӣ)  қ.2 банди б-и КҶ ҶТ хабар додааст.

ВКД иттилоъ медиҳад, ки “тафтишот ошкор кардааст, ки ҳодисаи латукӯби писари Маҳмурод Одинаев ба фаъолияти сиёсии ӯ умуман рабт надорад”.

Тафсилоти қазияи писари Одинаверо ВКД  чунин овардааст: “Шайхмуслиҳиддин Ризоев дар назди тарабхонаи «Шоми Шӯроб»-и деҳаи Шӯроби ҷамоати деҳоти Сомони шаҳри Ҳисор дар ҳолати сархушӣ ба як ҷавондухтар дарафтодааст. Ӯ ба Шаҳноза Саидоваи 18-сола бошандаи деҳшӯрои Қаратоғи шаҳри Турсунзода дарафтода, ӯро лату кӯб намудааст”.

Ба навиштаи ВКД муҳофизи тарабхона Амиршоев Эмомиддин барои халос намудани ҷавондухтар аз чанги Шайхмуслиҳиддин Ризоев талош намуда, дар натиҷа байни онҳо муноқиша сар мезанад ва Эмомиддин Амиршоев Шайхмуслиҳиддин Ризоевро мавриди лату кӯб қарор додааст. Мувофиқи санади судӣ-тиббӣ Шайхмуслиҳиддин Ризоев ҷароҳати сабуки ҷисмонӣ ба саломатӣ бардоштааст,- мегӯяд ВКД.

Дар ин иттилоия ВКД ҳамчунин хабар додааст, ки “3 нафар ҷавонзани дигар низ оиди ҳаракатҳои бадахлоқона ва дорои хусусияти шаҳвонидоштаи Шайхмуслихиддин Ризоев ба мақомот муроҷиат карданд, ки нисбат ба онҳо низ Шайх Муслуҳиддин кирдорҳои бадахлоқонаро раво дидааст”. ВКД мегӯяд “вобаста ба кирдорҳои бадахлоқонаи Шайхмуслиҳиддин Ризоев корҳои тафтишотӣ идома дорад”.

Маҳмурод Одинаев, муовини раиси ҲСДТ, ки ягона ҳизби мухолиф дар Тоҷикистон дониста мешавад чанд рӯз пеш ҳодисаи лату кӯби писарашро ба фаъолиятҳои сиёсии худаш рабт дода буд. Аммо  ВКД “паҳн кардани овозаҳо дар шабакаҳои интернетӣ вобаста ба лату кӯбӣ писараш Ризоев Шайхмуслиҳиддин ва тобиши сиёсӣ додани ин ҳодиса”-ро беасос хондааст.

Маҳмурод Одинаев чанд рӯз пеш дар Фейсбук аз Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва писари раиси ҷумҳури Тоҷикистон хост, ки ба ҳамоиши эътирозӣ дар назди Қасри президент иҷозат бидиҳад. Ба изҳороти ӯ вокуниши расмие сурат нагирифт, вале дар шабакаҳои иҷтимоӣ мавриди ҳамалаҳои фаровони лафзӣ қарор гирифт.  

Раҳматулло Зоиров, раиси ҲСДТ ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки аз сарнавишти Одинаве хабаре надоранд ва  хеле талош кардааст “маълум кунад, ки чӣ ҳодиса рӯй додааст, аммо муваффақ нашуд ва маълумоти дақиқе дар ин замина низ дастрас накард”.

Торнамои  ВКД дар бораи Маҳмурод Одинаев овардааст, ки “соли таваллудаш 1962, зодаи деҳаи Боғаки ноҳияи Рӯдакӣ, сокини деҳаи Ҳаёти нави ҷамоати деҳоти Ҳисори шаҳри Ҳисор, дар ҷомеа ҳамчун шахси моҷароҷӯ шинохта шудааст ва пайваста бо паҳн намудани маълумотҳои бардурӯғ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои интернетӣ мехоҳад ғаразҳои хусусию сиёсӣ худро амалӣ созад”.

Маҳмурод Одинаев пештар ба ҳимоят аз ҳуқуқи зиндониён машғул буд ва чанд соли ахир ҳамчун муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократ фаъолият дорад. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.