Бемор буд ё масхара карданд? Волидони сарбоз мегӯянд, ба гулӯяш оби ҷӯш рехтаанд

Сарбозе, ки ҳамагӣ ним моҳ пеш ба хизмат оғоз карда буд, дар Беморхонаи бемориҳои рӯҳии ноҳияи Рӯдакӣ бистарӣ шудааст. Тавре Радиои Озодӣ хабар медиҳад, волидони сарбоз гуфтаанд, ба гулӯи сарбоз оби ҷӯшомада рехта, сипас  ӯ дар бемористон бистарӣ шудааст. Ба гуфтаи наздикони сарбоз, сарбоз Баҳовуддин Юсуфов аз гап задан монда, дар ҳолати вазнин қарор дорад. […]

Радиои Озодӣ

Сарбозе, ки ҳамагӣ ним моҳ пеш ба хизмат оғоз карда буд, дар Беморхонаи бемориҳои рӯҳии ноҳияи Рӯдакӣ бистарӣ шудааст.

Тавре Радиои Озодӣ хабар медиҳад, волидони сарбоз гуфтаанд, ба гулӯи сарбоз оби ҷӯшомада рехта, сипас  ӯ дар бемористон бистарӣ шудааст.

Ба гуфтаи наздикони сарбоз, сарбоз Баҳовуддин Юсуфов аз гап задан монда, дар ҳолати вазнин қарор дорад. Ӯ дар як қисми низомӣ, воқеъ дар ноҳияи Ҳисор хизмат мекардааст.

Мақомот изҳор доштаанд, ки зоҳиран ин ҷавон қабл аз ҷалб шуданаш ба артиш бемор будааст ва ин масъаларо тафтиш доранд.

Абдулҳафиз Юсупов, падари ин сарбоз рӯзи 29-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки 18 рӯз пеш хабар ёфт, ки писарашро бистарӣ кардаанд ва вақте ба дидорбинии писараш ба беморхона рафт, ӯ сӯҳбат карда наметавонист, вале ишора мекард, ки сар ва даҳонаш осеб дидааст.

“Лабҳои писарам сиёҳ шуда буд. Вақте пиёлаи оби ҷӯшро тарафаш бурдам, тарсид ва ишора кард, ки обро дур кунем. Сахт аз оби ҷӯш метарсад. Тамоман гап намезанад ва вақте пурсидам, ки чӣ гап шудааст, фақат ишора кард, ки сараш осеб дидааст ва ба тарафи ҳалқаш ишора кард”, – гуфтааст ӯ. Ин мард аз шарҳи бештари қазияи писараш худдорӣ кардааст.

Бемор буду лекин ба хизмат даъват шуд?

Меҳрубон Юсупов, бародари ин сарбоз, ки дар Русия дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дорад, иддао кардааст, ки бародарашро лату кӯб карда, оби ҷӯшомадаро дар даҳонаш рехтаанд.

Ин иддаъоро афсарони қисми низомӣ рад мекунанд. Як масъули ин қисми низомӣ дар ноҳияи Ҳисор, ки худро “капитан Ғозиев” муаррифӣ кард, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “сарбоз пеш аз ҷалбаш ба артиш беморӣ доштааст ва ӯро ҳоло ба госпитал бурдаанд”.

“Ин ҳамааш гап аст, ин хел нашудааст. Ҳар чизе бошад, қонун муайян мекунад. Падару модараш бояд муроҷиат кунанд, ба онҳо мегӯянд, ки чӣ шудааст. Ба телефон ман чизе гуфта наметавонам”, -гуфтааст ӯ.

Волидайни ин сарбоз мегӯянд, воқеан вазъи сиҳатии писарашон пеш аз ҷалб шудан ба сафи артиш хуб набуд, вале пизишкон хулоса додаанд, ки ӯ сиҳат аст. Меҳрубон Юсуфов, бародари ин сарбоз гуфт, панҷ сол пеш дар як занозании тасодуфӣ миёни ҷавонони деҳ аз сараш зарб хӯрда буд ва зуд-зуд табобат мегирифт. Ӯ гуфт, ки бо вуҷуди беморӣ бародарашро дар ноҳияи Хуросон "облава" карданд ва ба артиш бурданд.

“Бемор буд, вале ба ин ҳад набуд, ки гап зада натавонад. Мо маълумотномаи бемориашро пешниҳод карда будем, ки сараш осеб дидааст ва табобат мешавад, бар артиш набаред, лекин бурданд. Писари мо ба пойи худ ба хизмат рафта буд”, – гуфтааст Абдулҳафиз Юсупов, падари ин сарбоз.

Бо вуҷуди тадбирҳои андешида аз ҷониби созмонҳои ҷамъиятӣ, дар Тоҷикистон ҳоло ҳам таҷрибаи сарбозшикорӣ (облава) ё худ маҷбурӣ ба хизмати ҳарбӣ бурдани ҷавонон роиҷ аст. Дар Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ ҷой доштани чунин ҳодисаҳоро дар бисёр мавридҳо рад мекунанд.

Ҷавонон барои ба хизмат рафтан омода нестанд, зеро солҳои ахир дар бораи ҳодисаҳои зӯровариву бузургсолорӣ (дедовшина) ва маргу мир дар артиш бисёр мегӯянду менависанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.