Меҳмонхонаи Dushanbe Serena соли шашум пайдарпай беҳтарин дар Тоҷикистон эътироф мешавад

Dushanbe Serena Hotel соли шашум инҷониб ба ҷоизаи байнулмилалии World Travel Awards ҳамчун меҳмонхонаи беҳтарини Тоҷикистон сазовор дониста мешавад. Дар бораи эътирофи ин меҳмонхонаи панҷситорадори Tajikistan’s Leading Hotel 2020 дар торнамои World Travel Awards хабар дода мешавад. Меҳмонхонаи панҷситорадори Dushanbe Serena дар баробари Hyatt Regency Dushanbe Hotel ва Hilton  яке аз бузургтарин меҳмонхонаҳо дар Тоҷикистон […]

Dushanbe Serena Hotel соли шашум инҷониб ба ҷоизаи байнулмилалии World Travel Awards ҳамчун меҳмонхонаи беҳтарини Тоҷикистон сазовор дониста мешавад.

Дар бораи эътирофи ин меҳмонхонаи панҷситорадори Tajikistan’s Leading Hotel 2020 дар торнамои World Travel Awards хабар дода мешавад.

Меҳмонхонаи панҷситорадори Dushanbe Serena дар баробари Hyatt Regency Dushanbe Hotel ва Hilton  яке аз бузургтарин меҳмонхонаҳо дар Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Меҳмонхона аз соли 2011 ба фаъолият оғоз намуд.

Тибқи маълумоти расмӣ, аввали сол дар Душанбе 34 меҳмонхона фаъолият дошта, лекин баъди ошкор ва паҳншавии коронавирус, аксарияти онҳо дар қатори дигар зерсохтори сайёҳӣ (фурудгоҳу ширкатҳои ҳавопаймоӣ, тарабхонаву мағоза ва дӯконҳо фурӯши туҳфа ва ғайра) фаъолияти худро боздошта, кормандони худро ба рухсатии бемуҳлат фиристоданд.

Дар ҳамин ҳол, ҷоизаи беҳтарин агентии сайёҳии Тоҷикистон (Tajikistan’s Leading Travel Agency 2020) бори нахуст ба фирмаи «AAA Tours», ки аз моҳи октябри  соли 2012 дар соҳаи хизматрасонӣ ва истироҳати ҷумҳурӣ фаъолият дорад, тақдим гардид.

Ширкати  World Roof Tours, ки аз соли 2012 ба фаъолият дар бозори сайёҳии ҷумҳурӣ оғоз кардаву сарфи назар аз муддати начандон тӯлонии кор, яке аз агентиҳои бештар муваффақи сайёҳӣ бо шумори зиёди мизоҷон мебошад, беҳтарин оператори сайёҳии кишвар дониста шуд.

Қобили зикр аст, ки Ҷоизаи байнулмилалии World Travel Awards соли 1993 таъсис дода шуд. Он бонуфузтарин ҷоиза дар соҳаи сайёҳӣ ба шумор меравад. Ҳамасола он ба беҳтарин ва ҷолибтарин шаҳру операторон, ширкатҳои ҳавопаймоӣ, осоишгоҳу меҳмонхона ва дигар намояндагони соҳа, ки  бештар писанди сайёҳон гаштаанд, тақдим карда мешавад.

Ғолибони соли пешин, инчунин иштирокчиёне, ки мустақилона дархост додаанд ё аз ҷониби шӯрои коршиносони ташкилкунандагон пешниҳод шудаанд, номзад (номинант) мешаванд. Ғолибони марҳилаҳои минтақавӣ ва номзадҳои аз ҷониби шӯрои коршиносони ҷоиза пешниҳодгардида, ба даври ниҳоӣ (гранд-финал) роҳ меёбанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.