Ёвон: марде занашро бо чанд зарбаи корд ба қатл расонид

Кормандони милитсияи ноҳияи Ёвон як марди сокини маҳаллиро ба гумони даст доштан дар қатли ҳамсараш боздошт намуданд. Се нафар кӯдакон бе модар монданд. Бино ба иттилои ВКД Тоҷикистон, ин ҳодисаи куштор рӯзи 27 ноябр дар деҳаи Норини ноҳияи Ёвон рух додааст. “Модари 3 фарзанд Бибихол Бобоҷонова 32-соларо шавҳараш Урозбек Қарақулов дар манзили истиқоматияшон дар пайи […]

Кормандони милитсияи ноҳияи Ёвон як марди сокини маҳаллиро ба гумони даст доштан дар қатли ҳамсараш боздошт намуданд. Се нафар кӯдакон бе модар монданд.

Бино ба иттилои ВКД Тоҷикистон, ин ҳодисаи куштор рӯзи 27 ноябр дар деҳаи Норини ноҳияи Ёвон рух додааст.

“Модари 3 фарзанд Бибихол Бобоҷонова 32-соларо шавҳараш Урозбек Қарақулов дар манзили истиқоматияшон дар пайи муноқишаи оилавӣ ва рашки беасос бо корди хоҷагӣ бо як бераҳмии махсус чанд маротиба ба узвҳои муҳими баданаш мезанад, ки ҷабрдида аз ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонии бардоштааш дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасад”, – омадааст дар хабари ВКД.

Гуфта мешавад, айни замон Қарақулов боздошт ва нисбат ба ӯ мутобиқи моддаи 104-и КҶ ҶТ (Одамкушӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.