Бохтар: мудири мактабе боздошт шуд, ки бо 49300 сомонӣ мехост як довталабро ба Донишгоҳи тиббӣ дохил кунад

Оҷонсии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки  мудири Муассисаи давлатии таълимии томактабии №23-и шаҳри Бохтар Сафарова Латофатро боздошт кардааст. Дафтари матбуоти ин ниҳод мегӯяд, Сафароваро бо гумони ришваситонӣ боздошт кардааст, ки аз як довталаби Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон барои дохил кардан ба ин донишгоҳ  49300 гирифтааст. “Сафарова Латофат бо истифода аз мақоми хизматиаш […]

Мазуна Абдуллоева, Asia-Plus

Оҷонсии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки  мудири Муассисаи давлатии таълимии томактабии №23-и шаҳри Бохтар Сафарова Латофатро боздошт кардааст.

Дафтари матбуоти ин ниҳод мегӯяд, Сафароваро бо гумони ришваситонӣ боздошт кардааст, ки аз як довталаби Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон барои дохил кардан ба ин донишгоҳ  49300 гирифтааст.

“Сафарова Латофат бо истифода аз мақоми хизматиаш аз  шаҳрванд Раджабова Д.А. барои ба Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи А.Сино дохил намудани ҷиянаш-Раҷабов И.Ф. дар давраи аз моҳи июни соли 2019 то моҳи декабри соли 2020 дар се ҳолат маблағи умумии 49300 сомониро талаб карда гирифта тасарруф намуда, ба манфиати номбурда ягон амалро иҷро накардааст”.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти оҷонсии зидди фасод  нисбат ба Сафарова Латофат  бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, он баъди итмоми тафиши пешакӣ ба суд ирсол карда шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.