З нишонаи дасткорӣ дар сарлавҳа

Набояд фаромӯш кард, ки сарлавҳа ин як воситаи тавоно барои дасткорӣ аст. Мо онро хоҳем ё наҳоем, ҳар рӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ вомехӯрем. Аз ин рӯ, муайян намудани дастикориро бояд аз сарлавҳо оғоз намуд. Дар маводи зер, се нишонаи муайян намудани дасткориро дар сарлавҳа пешниҳод менамоем. Гапи нотамом (нопурра) Ҳиллаи класикии кликбейт ин накушодани мақсади […]

"Се нуқта"

Набояд фаромӯш кард, ки сарлавҳа ин як воситаи тавоно барои дасткорӣ аст. Мо онро хоҳем ё наҳоем, ҳар рӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ вомехӯрем. Аз ин рӯ, муайян намудани дастикориро бояд аз сарлавҳо оғоз намуд. Дар маводи зер, се нишонаи муайян намудани дасткориро дар сарлавҳа пешниҳод менамоем.

Гапи нотамом (нопурра)

Ҳиллаи класикии кликбейт ин накушодани мақсади асосӣ дар ҷумла аст, то хонандаро маҷбур намояд, ки тавассути пайванд (ссылка) ба мавод ворид шавад. Мутаассифона, аз чунин шева на танҳо спамерҳо балки ВАО низ кор мегирад. Аммо тибқи қоида, мавод бо чунин сарлавҳа беэътимод аст.

Баҳодиҳӣ

«Садамаи даҳшатноки автомобилӣ», «Лоиҳаи қонуни хандаовар», «Кирдори номувофиқи вакил». Муаллифон аксар вақт кӯшиш мекунанд, ки ба хонанда лаҳзаҳои хуби ҳодисаро нишон диҳанд. Аммо дар воқеъ, чунин баҳогузорӣ, эҳсосот ва аксар вақт сарлавҳаҳои муболиғаомез кӯшиши ба гардани хонанда бор кардани хулосаи субъективии муаллиф аст.

Андеша ба ҷойи далел

Дар ин аломат ҳолати истисно низ ҳаст. Масалан, андешаи коршиносон. Бо вуҷуди ин, андешаи коршиносон низ бояд дар асоси ҷамъоварӣ/таҳқиқот ва далел асос ёфта бошад. Аз ин рӯ, ҳамаи маълумот ва асоснок будани андешаи коршиноси беҳтаринро низ бояд тафтиш намуд.

Мавод дар доираи Маъракаи рушди маърифати расонаӣ дар Тоҷикистон – “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” таҳия шудааст. Ба саҳифаи “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook ва Одноклассники пайваст шавед ва маърифати расонаии худро инкишоф диҳед!

Дигар маводҳои лоиҳаро ин ҷо хонед: Бидон, чиро мебинӣ!

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.