БАОР: Лимити барқ намегузорад иқтисоди Тоҷикистон фаъол бошад

Буҳронҳои давра ба давраи энергетикӣ, ки дар маҳдуд кардани истифодаи барқ ифода меёбанд, ба фаъолнокии иқтисодӣ дар Тоҷикистон таъсири манфӣ мерасонад, қайд мешавад дар маълумоти Бонки авруосиёии рушд (БАОР). Гуфта мешавад, камбуди мунтазами барқ дар партави захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ, ки ҷумҳурӣ дар ихтиёр дорад, сурат мегирад. Қобили зикр аст, ки аввали мавсими тирамоҳу зимистони соли […]

Asia-Plus

Буҳронҳои давра ба давраи энергетикӣ, ки дар маҳдуд кардани истифодаи барқ ифода меёбанд, ба фаъолнокии иқтисодӣ дар Тоҷикистон таъсири манфӣ мерасонад, қайд мешавад дар маълумоти Бонки авруосиёии рушд (БАОР).

Гуфта мешавад, камбуди мунтазами барқ дар партави захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ, ки ҷумҳурӣ дар ихтиёр дорад, сурат мегирад.

Қобили зикр аст, ки аввали мавсими тирамоҳу зимистони соли равон пас аз се соли таъмини муътадил бо барқ, сокинони Тоҷикистон боз ба реҷаи маҳуди интиқоли барқ (лимит) дучор шуданд.

Сарфи назар аз қатъи сартосарии интиқоли барқ дар саросари кишвар ба ҷуз пойтахт, намояндагони ширкати”Барқи тоҷик” мегӯянд, дар ҷумҳурӣ ҳеҷ гуна маҳдудияти истифодаи барқ ҷорӣ нашудааст.

Ваъи мавҷудаи қатъи интиқоли барқро дар кишвар намояндагони ширкат ба “баргузории корҳои таъмиру барқарорсозӣ дар неругоҳҳои барқи обӣ, хатҳои интиқоли барқ ва зеристгоҳҳои барқӣ” нисбат медиҳанд.

Аммо манбаъҳои наздик ба соҳаи гидроэнергетика маҳдудиятро ба сатҳи пасти ҳаҷми захираҳои об дар обанбори неругоҳҳо рабт медиҳанд, зеро тобистон миқдори зарурии об захира нашуда, бо дархости кишварҳои ҳамсоя дар мавсими обёрӣ партобҳои холии об сурат гирифтанд.

Дар ҳамин ҳол, намояндагони тиҷорати хурду миёна дар минтақаҳо аз қатъи тӯлонии интиқоли барқ шикоят мекунанд, ки бар асари он комилан фаъолият карда натавониста, хисороти зиёд мебинанд.

Бино ба маълумоти Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, ҷумҳурӣ дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ (527 млрд кВт/соат дар як сол) мебошад, ки ҳамагӣ ҳудуди 5%-аш истифода мешавад.

Тоҷикистон аз нигоҳи имконоти гидроэнергетикӣ пас аз Чину Русия, ИМА, Бразилия, Зоир, Ҳиндустон ва Канада зинаи 8-ум, дар паҳнои пасошӯравӣ (пас аз Русия) – зинаи 2-юм ва дар Осиёи Марказӣ – зинаи аввалро ишғол мекунад.

Айни замон ҳудуди 95%-и барқ дар ҷумҳурӣ дар неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мешавад. Захираҳои асосӣ дар ҳавзаи дарёҳои Панҷ, Вахш, Кофарниҳон ва Зарафшон мутамарказ шудааст.

“Имконоти гидроэнергетикии Тоҷикистон се баробар зиёдтар нисбат ба истифодаи ҳозираи барқ дар ҳамаи минтақаи Осиёи Марказӣ аст. Дар сурати оқилона истифода бурдани ин захираҳо, минтақа бо энергияи арзон ва аз лиҳози экологӣ тоза таъмин шуда метавонад”, – илова мекунанд дар Вазорат.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.