Рӯзҳои 8-9 декабри соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ ба амал омадани боришот (дар водиҳо борон бо гузариш ба барф, дар ноҳияҳои кӯҳӣ барф) дар назар аст.
Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ, рӯзи 8 декабр ва шабонаи 9 декабр дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии НТҶ ва ғарби ВМКБ боришоти бошиддат дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд.
Гуфта мешавад, бо сабаби боридани боришоти омехта ва гузаштани борон ба барф дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ часпидани барф дар ноқилҳои барқӣ ва шохи дарахтон дар назар буда, дар ағбаҳои кӯҳӣ пайдо шудани қабати барф ва яхбандӣ аз эҳтимол дур нест.
Зимнан зикр мегардад, ки чунин обуҳавои номусоид дар саросари кишвар то рӯзи 12 декабр боқӣ мемонад.
Дар ин робита Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ боисрор тавсия медиҳад, ки шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар чораҳои амниятиро риоя кунанд.
“Ҳангоми боридани барфи тар, вақте шумо дар кӯчаед, пас ба хатҳои барқ, ки аз болои сари шумо мегузаранд, таваҷҷуҳ намоед, – огоҳ мекунад Кумита. – Дар ҳоли мушоҳида кардани кандашавии хатҳои интиқоли қувваи барқ ва ҳодисаҳои дигар фавран ба хадамоти фаврӣ муроҷиат кунед”.
Дар тавсия ба ронандаҳо Кумта аз онҳо хоҳиш мекунад, ки дар сурати яхбандӣ махсусан қоидаҳои ҳаракатро дар шароити душвори обу ҳаво риоя кунанд ва то ҳадди имкон аз сафарҳои бидуни зарурат даст кашанд.
Имрӯз дар Душанбе ҳаво абрнок шуда, боришот (борон бо гузариш ба барф) ва фаромадани туман дар назар аст. Ҳарорат рӯзона то 5 дараҷа гарм мешавад. Дар шаҳри Бохтар низ вазъи обуҳаво чун дар пойтахт аст.
Дар Хуҷанд имрӯз ҳавои абрнок ва бидуни боришоти назаррас пешбинӣ шуда, ҳарорат 3-5 дараҷа гарм мешавад. Дар Хоруғ барф (баъзан боришоти бошиддат) борида, ҳарорат рӯзона 1-3 дараҷа гарм мешавад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.


