Имрӯз дар саросари Тоҷикистон барфу борон меборад

Рӯзҳои 8-9 декабри соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ ба амал омадани боришот (дар водиҳо борон бо гузариш ба барф, дар ноҳияҳои кӯҳӣ барф) дар назар аст. Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ, рӯзи 8 декабр ва шабонаи 9 декабр дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии НТҶ ва ғарби ВМКБ боришоти бошиддат дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо туман […]

Asia-Plus

Рӯзҳои 8-9 декабри соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ ба амал омадани боришот (дар водиҳо борон бо гузариш ба барф, дар ноҳияҳои кӯҳӣ барф) дар назар аст.

Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ, рӯзи 8 декабр ва шабонаи 9 декабр дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии НТҶ ва ғарби ВМКБ боришоти бошиддат дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд.

Гуфта мешавад, бо сабаби боридани боришоти омехта ва гузаштани борон ба барф дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ часпидани барф дар ноқилҳои барқӣ ва шохи дарахтон дар назар буда, дар ағбаҳои кӯҳӣ пайдо шудани қабати барф ва яхбандӣ аз эҳтимол дур нест.

Зимнан зикр мегардад, ки чунин обуҳавои номусоид дар саросари кишвар то рӯзи 12 декабр боқӣ мемонад.

Дар ин робита Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ боисрор тавсия медиҳад, ки шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар чораҳои амниятиро риоя кунанд.

“Ҳангоми боридани барфи тар, вақте шумо дар кӯчаед, пас ба хатҳои барқ, ки аз болои сари шумо мегузаранд, таваҷҷуҳ намоед, – огоҳ мекунад Кумита. – Дар ҳоли мушоҳида кардани кандашавии хатҳои интиқоли қувваи барқ ва ҳодисаҳои дигар фавран ба хадамоти фаврӣ муроҷиат кунед”.

Дар тавсия ба ронандаҳо Кумта аз онҳо хоҳиш мекунад, ки дар сурати яхбандӣ махсусан қоидаҳои ҳаракатро дар шароити душвори обу ҳаво риоя кунанд ва то ҳадди имкон аз сафарҳои бидуни зарурат даст кашанд.

Имрӯз дар Душанбе ҳаво абрнок шуда, боришот (борон бо гузариш ба барф) ва фаромадани туман дар назар аст. Ҳарорат рӯзона то 5 дараҷа гарм мешавад. Дар шаҳри Бохтар низ вазъи обуҳаво чун дар пойтахт аст.

Дар Хуҷанд имрӯз ҳавои абрнок ва бидуни боришоти назаррас пешбинӣ шуда, ҳарорат 3-5 дараҷа гарм мешавад. Дар Хоруғ барф (баъзан боришоти бошиддат) борида, ҳарорат рӯзона 1-3 дараҷа гарм мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.