Муовини раиси ҲСДТ ба ҳабс гирифта шуд

Суди шаҳри Ҳисор дар бораи ба ҳабс гирифтани муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) Маҳмурод Одинаев қарор содир намуд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ хабар дод. Бино ба иттилои манбаъ, қарори ба ҳабс гирифтани Одинаев бо пешниҳоди мақомоти прокуратура қабул шудааст. Ёдрас мекунем, ки рӯзи 5 декабр дар ҷараёни […]

Суди шаҳри Ҳисор дар бораи ба ҳабс гирифтани муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) Маҳмурод Одинаев қарор содир намуд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ хабар дод.

Бино ба иттилои манбаъ, қарори ба ҳабс гирифтани Одинаев бо пешниҳоди мақомоти прокуратура қабул шудааст.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 5 декабр дар ҷараёни баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ сокини 58-солаи шаҳри Ҳисор Маҳмурод Одинаев дар қаламрави ноҳияи Синои шаҳри Душанбе боздошт шуд.

Тибқи маълумоти маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ, Одинаев нимаи дуюми рӯзи 29 октябр дар якҷоягӣ бо собиқ ҳамсараш ва писараш ба комиссариати ҳарбии шаҳри Ҳисор ҳозир гардида, бо баҳонаи он, ки кормандони комиссариати ҳарбӣ ғайриқонунӣ ва беасос писари ӯро ба хизмати ҳарбӣ даъват кардаанд, дидаю дониста дар муддати тахминан 30-40 дақиқа тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон кардааст.

Дар ҳамин ҳол, раиси ҲСДТ Раҳматилло Зойиров дар мавриди ин масъала қаблан ба “Азия-Плюс” изҳор дошт, ки ҳмизб барои ҳимояи Маҳмурод Одинаев ҳизб дар фурсати назди адвокати касбӣ киро мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.