Муовини раиси ҲСДТ пайдо ва дар Душанбе боздошт шуд

Рӯзи 5 декабр дар ҷараёни баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ сокини 58-солаи шаҳри Ҳисор Маҳмурод Одинаев дар қаламрави ноҳияи Синои шаҳри Душанбе боздошт шуд. Тавре маркази матбуоти Прокуратураи генералии ҶТ хабар медиҳад, Маҳмурод Одинаев, сокини шаҳри Ҳисор нимаи дуюми рӯзи 29 октябр дар якҷоягӣ бо собиқ ҳамсараш Меҳринигор Ризоева ва писараш Ҳабибулло Одинаев ба комиссариати ҳарбии шаҳри […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Рӯзи 5 декабр дар ҷараёни баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ сокини 58-солаи шаҳри Ҳисор Маҳмурод Одинаев дар қаламрави ноҳияи Синои шаҳри Душанбе боздошт шуд.

Тавре маркази матбуоти Прокуратураи генералии ҶТ хабар медиҳад, Маҳмурод Одинаев, сокини шаҳри Ҳисор нимаи дуюми рӯзи 29 октябр дар якҷоягӣ бо собиқ ҳамсараш Меҳринигор Ризоева ва писараш Ҳабибулло Одинаев ба комиссариати ҳарбии шаҳри Ҳисор ҳозир гардида, бо баҳонаи он, ки кормандони комиссариати ҳарбӣ ғайриқонунӣ ва беасос писари ӯ Ҳоҷиакбар Одинаевро ба хизмати ҳарбӣ даъват кардаанд, дидаю дониста дар муддати тахминан 30-40 дақиқа тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон кардааст.

“Ба огоҳ намудани намояндагони ҳокимияти давлатӣ эътино накарда, ин кирдорҳои ғайри қонунии худро худсарона идома дода, нисбати намояндагони ҳокимияти давлатӣ таҳдид, зӯроварӣ ва суханҳои қабеҳро раво дидааст”, – қайд мешавад дар маълумот.

Гуфта мешавад, бинобар ин, аз рӯи маводҳои гирдоварда аз ҷониби Прокуратураи шаҳри Ҳисор нисбати Одинаев М.Ш. 20.11.2020  бо моддаи 237 қисми 2 бандҳои «б» ва «в» Кодекси ҷиноятии ҶТ (авбошӣ, аз ҷониби гуруҳи шахсон ё гуруҳи шахсон бомаслиҳати пешакӣ, бо нишондодани муқобилият ба намояндаи ҳокимият ё дигар шахсе, ки вазифаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятиро ба уҳда дорад) пешбини гардида парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.

“Бинобар сабаби ба даъвати чандинкаратаи  кормандони прокуратура ҳозир нашудан ва аз ҷойи зисташ гурехта пинҳон гаштан, қарор барои маҷбуран овардан қабул шуда, барои иҷро ба мақомоти  ШВКД дар шаҳри Ҳисор  вогузор карда шуд”, – таъкид мешавад дар хабари Прокуратураи генералӣ.

Рӯзи 5 декабр зимни амалӣ намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе гумонбаршуда Маҳмурод Одинаев дастгир ва ба прокуратураи шаҳри Ҳисор дастрас карда шудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати дастгиршуда Одинаев М.Ш.  дар доираи парвандаи ҷиноятӣ гузаронидани ҳаракатҳои мурофиавӣ идома дорад.

Аз рӯйи моддае, ки мувофиқи он нисбат ба ӯ айбдорӣ пешниҳод шудааст, ба Маҳмурод Одинаев ба муҳлати то 5 сол ҳукми зиндон ё ба маблағи аз 30 то 60 ҳазор сомонӣ ҷарима таҳдид мекунад.

Қобили зикр аст, ки Маҳмурод Одинаев муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Бо маблағгузории 95 млн доллар

Дар ин марҳила мақомот ба зерсохтори таъминот бо нерӯ, хадамот барои мошинҳои барқӣ ва афзоиши парки электробусҳо такя мекунанд.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.