Тоҷикистон барои баргардонии шаҳрвандонаш бо Сурия вориди гуфтугӯ шуд

Тоҷикистон барои баргардонии шаҳрвандонаш аз урдугоҳҳои Сурия бо мақомоти ин кишвар вориди гуфтугӯ шудааст. Сафири Тоҷикистон дар Кувайт бо мақомоти Сурия ҳамроҳ бо намояндаи Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар ин бора мулоқот кардааст.  Бино ба иттилои Вазорати корҳои  хориҷии Тоҷикистон, дар мулоқот бо намояндагони Салиби Сурх ва Файсал ал-Миқдод, вазири корҳои хориҷӣ ва муҳоҷирини Сурия, Зубайдулло […]

Тоҷикистон барои баргардонии шаҳрвандонаш аз урдугоҳҳои Сурия бо мақомоти ин кишвар вориди гуфтугӯ шудааст. Сафири Тоҷикистон дар Кувайт бо мақомоти Сурия ҳамроҳ бо намояндаи Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар ин бора мулоқот кардааст. 

Бино ба иттилои Вазорати корҳои  хориҷии Тоҷикистон, дар мулоқот бо намояндагони Салиби Сурх ва Файсал ал-Миқдод, вазири корҳои хориҷӣ ва муҳоҷирини Сурия, Зубайдулло Зубайдзода, “масъалаи баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз урдугоҳи ал-Ҳавлро баррасӣ кардааст”.

Гуфта мешавад,  дар паноҳгоҳи ал-Ҳавл ва ал-Ҳасакаи Сурия бештар аз 500 зану кӯдаки тоҷик нигаҳдорӣ мешаванд, ки ҳамсарону фарзандони ҷангиёни гурӯҳи тундрави ДОИШ мебошанд.

Сафири Тоҷикистон Зубайдулло Зубайдзода гуфтааст, ки дар Димишқ, пойтахти Сурия қарор дорад ва шаҳрвандони Тоҷикистон дар рӯзҳои наздик баргардонида хоҳанд шуд.

Пас аз шикасти “Давлати исломӣ” ҳоло  занону кӯдакони тоҷик дар паноҳгоҳҳои зери назари Созмони Милали Муттаҳид дар чанд шаҳри Сурия нигаҳдорӣ мешаванд.

Тоҷикистон  хеле аст талош дорад, ки ин занону кӯдаконро баргардонад. Кишварҳои дигари минтақа, аз ҷумла Узбекистон ва Қазоқистон даҳҳо шаҳрванди худро аз ин кишвар баргардонидаанд.

Бино ба иттилои Созмони Милали Муттаҳид, дар паноҳгоҳи Ал-Ҳавли Сурия 65 ҳазор зану кӯдак нигаҳдорӣ мешавад, ки 10 ҳазор нафарашон хориҷиён ҳастанд. Беш аз 570 нафари онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.