Муовинони Озода Раҳмон ҳам маълум шуданд

Эмомалӣ Раҳмон бо амрҳои худ имрӯз муовинони раиси Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистонро таъин кард. Ҳафтае пеш Аҳтам Абдуллозода бо як амри Президенти Тоҷикистон аз мақоми муовини  якуми Озода Раҳмон раиси Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон озод ва сардори Саридораи ҳифзи сири давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуда буд. Ҳамчунин имрӯз Саъдӣ Қодирзода муовини дигари Озода Раҳмон аз […]

Эмомалӣ Раҳмон бо амрҳои худ имрӯз муовинони раиси Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистонро таъин кард. Ҳафтае пеш Аҳтам Абдуллозода бо як амри Президенти Тоҷикистон аз мақоми муовини  якуми Озода Раҳмон раиси Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон озод ва сардори Саридораи ҳифзи сири давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуда буд.

Ҳамчунин имрӯз Саъдӣ Қодирзода муовини дигари Озода Раҳмон аз мақомаш барканор ва раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ таъин шуд. 

Эмомалӣ Раҳмон имрӯз бо амрҳои худ Фирдавс Ҳаётзодаро муовини якум ва Абдураҳмон Ҳалмзодро муовини раиси Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Тоҷикистон таъин кард.  Фирдавс Ҳаётзода то ин вақт муовини якуми Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Абдураҳмон Ҳалимзод муовини вазири молия буданд. 

Ҳамчунин Усмон Авазов аз вазифаи муовини якуми сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Зебонисо Султонзода аз вазифаи директори Хазинаи сарватҳои давлатии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистонниз барканор шуданд. 

Эмомалӣ Раҳмон Сайдализода Фозил Сайдалиро машваратчии калон – сардори шуъбаи амнияти мудофиавии дастгоҳи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гадоализода Парвизро муовини сардори раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Холзода Каромиддинро муовини сардори раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пайрав Амирзодаро муовини сардори раёсати робитаҳои хориҷии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сабурзода Мирзодавлат Абдолиро сардори раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Давлатзода Парвизро сардори раёсати робитаҳои хориҷии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ғанизода Шуҳрат Абдулмаҷидро сардори раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Карим Абдураҳимро мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ таъин кард.

 

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.