Раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва сафири Тоҷикистон дар Амрико барканор шуданд

Фарҳод Салим Сафири Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо як фармони Президенти Тоҷикистон барканор ва ба ҷойи ӯ Фаррух Ҳамрализода, ки то ин вақт раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ буд, сафир таъин шуд. Ҳамчунин ба ҷойи Фарух Ҳамрализода Саъдӣ Қодирзода, ки муовини раиси Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон буд, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ […]

Фарҳод Салим Сафири Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо як фармони Президенти Тоҷикистон барканор ва ба ҷойи ӯ Фаррух Ҳамрализода, ки то ин вақт раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ буд, сафир таъин шуд.

Ҳамчунин ба ҷойи Фарух Ҳамрализода Саъдӣ Қодирзода, ки муовини раиси Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон буд, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ таъин шуд. 

Бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон Даврон Шодмонбекзода муовини якуми директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» таъин шуд, ки то ин вақт ин мансаб дар ихтиёри Алишер Шамбиев буд. Юсуфҷони Сангаҳмад ҳам ба ҷойи Фирдавс Ҳаётзода муовини якуми Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шуд. Рустам Ғаниев, ки то ин вақт ёвари ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд, ба ҷойи Сайъало Мирзоев, директори иҷроияи филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе таъин шуд.

Рукмина Сафарзода низ ба ҷойи Меҳринамо Ҷонмамадова дар мақоми муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омад.

Раиси Ҳукумати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Абдуҷаббор Юсуфзодаро директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин кард. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

 

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.