Дастгирии бозингарони мунтахаби наврасон ва ҷавонони футбол аз иқдоми Рустами Эмомалӣ

Бозингарони мунтахаби наврасон (U-16) ва ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-19) дар чорабинӣ оид ба корҳои ободонӣ ва ниҳолшинонӣ дар қаламрави Варзишгоҳи ҷумҳуриявии Душанбе иштирок карданд. Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар ин чорабинӣ раҳбарият ва кормандони Федератсия, инчунин намояндагони ҳайати доварон низ саҳм гузоштанд. Гуфта мешавад, чорабинӣ дар доираи иқдоми раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ […]

Бозингарони мунтахаби наврасон (U-16) ва ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-19) дар чорабинӣ оид ба корҳои ободонӣ ва ниҳолшинонӣ дар қаламрави Варзишгоҳи ҷумҳуриявии Душанбе иштирок карданд.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар ин чорабинӣ раҳбарият ва кормандони Федератсия, инчунин намояндагони ҳайати доварон низ саҳм гузоштанд.

Гуфта мешавад, чорабинӣ дар доираи иқдоми раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар мавриди ободонӣ ва табдили пойтахти Тоҷикистон ба шаҳри сабз гузаронида шуд.

Қобили зикр аст, ки бозингарони мунтахабҳои футболи наврасон ва ҷавонони кишвар имрӯзҳо дар чаҳорчӯби омодагӣ ба марҳилаҳои ниҳоии мусобиқаҳои Чемпионати Осиё давраҳои омӯзиш ва тамрину машқҳо мегузаронанд.

Ёдрас мекунем, ки охири моҳи сентябр дар иҷлосияи навбатии Маҷлиси вакилони халқи пойтахт Рустами Эмомалӣ аз тамоми сокинони пойтахт даъват ба амал овард, ки ҷиҳати ба "шаҳри сабз" табдил додани шаҳри Душанбе, ҳар як оила барои дар мавсими ниҳолшинонӣ, лоақал шинонидани як дарахти ҳамешасабз саҳмгузор бошанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.