Далелгуна чист?

Фактоид – дурӯғест, ки аз сабаби фарогирии васеи ВАО ба воқеият монанд мешавад. 80 сол қабл намоишномаи радиоии Орсон Уэллс "Ҷанги Ҷаҳонҳо" дар асоси романи ҳамноми Ҳерберт Уэллс ба эфир баромад. Ин ҳикоя аксар вақт ҳамчун намунаи фактоид оварда мешавад. Мувофиқи сюжети драма, марсиҳо (одамон аз сайёраи Марс) ба Замин ҳамла карда, ҳамаро бо гази […]

"Се нуқта"

Фактоид – дурӯғест, ки аз сабаби фарогирии васеи ВАО ба воқеият монанд мешавад.

80 сол қабл намоишномаи радиоии Орсон Уэллс "Ҷанги Ҷаҳонҳо" дар асоси романи ҳамноми Ҳерберт Уэллс ба эфир баромад. Ин ҳикоя аксар вақт ҳамчун намунаи фактоид оварда мешавад.

Мувофиқи сюжети драма, марсиҳо (одамон аз сайёраи Марс) ба Замин ҳамла карда, ҳамаро бо гази заҳролуд олудаи заҳр мекунанд. Дар намоишнома абрҳои газдор ва ашёҳои дурахшони парронро дар фазои Ню Ҷерсӣ тасвир мекунанд.

Як рӯз пас аз пахши намоишнома рӯзномаҳои амрикоӣ навиштанд, ки намоишнома дар иёлоти шарқии Амрико воҳимаро ба вуҷуд овардааст, ҳатто баъзе нафарон ба сактаи қалб гирифтор шудаанд.

Пас аз чанд даҳсола, афсонаи воҳима парокандани драмаи радиоӣ рад карда шуд. Рӯзноманигорон маълум карданд, ки ҳеҷ кас ба кӯча набаромадааст ва шумораи шунавандагон хеле зиёд муболиға карда шудааст.

Ин афсона аз куҷо пайдо шудааст?

Рӯзномаҳо. Он солҳо байни радио ва рӯзномаҳо рақобати шадид буд: радио қисми зиёди фоидаи таблиғотиро аз расонаҳои чопӣ гирифта буд. Аз ин рӯ, рӯзномаҳо барои бадном кардани радио ҳамчун манбаи иттилоот, афсонаи воҳимапароканиро аз ҳисоби барномаи радиоӣ бофта бароварданд.

Нависандаи амрикоӣ Норман Мейлер соли 1973 истилоҳи "фактоид" -ро ҷорӣ кард ва ӯро чунин шарҳ дод: "далеле, ки то замони навиштани рӯзнома ва маҷаллаҳо вуҷуд надорад”

Мавод дар доираи Маъракаи рушди маърифати расонаӣ дар Тоҷикистон – “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” таҳия шудааст. Ба саҳифаи “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook ва Одноклассники пайваст шавед ва маърифати расонаии худро инкишоф диҳед!

Дигар маводҳои лоиҳаро ин ҷо хонед: Бидон, чиро мебинӣ!

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.